Ду модари хушбахти хуҷандӣ, ки дар як рӯз чоргоник ва сегоник ба дунё оварда буданд, рӯзи 11-сентябр бо тифлаконашон шоду хуррам аз таваллудхона баромаданд.
Меҳрангез Раҳимова сокини шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, рӯзи 24-уми август дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд чоргоник ба дунё овард. Азбаски ин ҳомиладории нахустини Меҳрангез буд, ҳанӯз ду моҳ қабл аз таваллуд табибон ин занро дар таваллудхона бистарӣ намуда, зери назорати қатъӣ гирифта буданд.
Хушбахтона ҳамаи 4 тифли дар батни Меҳрангез буда, сиҳату саломат бо ванзи 1, 7-2, 6 кг ба дунё омаданд, аммо табибон ба хотири дилпур шудан аз саломатии модару кӯдакон қариб 20 рӯз онҳоро дар таваллудхона нигоҳ доштанд.
Парвина Очилова бошад, сокини деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич буда, дар ҳамон рӯзи хурсандиовар, яъне 24- август сегоник таваллуд кардааст. Ин зан модари се гулписар буда, пас аз шаш соли танаффус якбора се духтарчаи нозанинро бо вазни 1, 6-2 кг ба дунё овардааст.
Духтарчаҳои сегоникро Фотима, Зуҳро ва Хадича ном ниҳодаанд. Табибон вазъи саломатии сегоникҳо ва модарашонро қаноатбахш арзёбӣ менамоянд.
Ин ду модари хушбахт дар як рӯз фарзандони чоргоник ва сегоник ба дунё оварданд ва дар як рӯз аз таваллудхона сиҳату саломат ва шоду хурсанд ба хона ҷавоб дода шуданд.
Аз идора: Мо дар мавриди таваллуди чоргникҳо қаблан иттилоъ дода будем.