Таъсири зӯроварӣ дар оила ба саломатӣ ва ҳолати рӯҳию равонии кӯдакон
29.11.2025
Oila.tj
81

Афзоиши хушунату зӯроварӣ дар оила яке аз мавзуҳои доғи ҷомеаи мо ба шумор меравад. Албаттта ҷангу ҷанҷоли пайвастаи зану шавҳар ва дигар аъзои хонавода фазои нооромро дар оила ба вуҷуд оварда, ба ҳар як аъзои оила таъсири нохуш мерасонад, аммо таъсири манфӣ ва ногувори он пеш аз ҳама ба кӯдакон ва наврасон расида, боиси сар задани мушкилоти зиёди рӯҳию равонӣ мегардад.

Дар назди кӯдакон доду фиғон накунед

Падару модар ва дигар аъзоёни хонавода бояд ҳеҷ гоҳ дар шоҳидии кӯдакони ноболиғ бо ҳам баҳсу даъво ва ҷангу ҷанҷол накунанд, зеро зеро доду фиғон ва фишори рӯҳӣ натанҳо ба ҳолати равонӣ, балки ба саломатии кӯдакон низ зарар дорад.

Тавре ки коршиносон мегӯянд, гирифтор шудан ба мушкилоти гуногуни солимии равонӣ барои кӯдаконе, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, ногузир мебошад.

Зӯроварӣ дар оила - зарбаи сахттарини рӯҳӣ барои кӯдак

Равоншиносон мегӯянд, навъ ва шиддати осеби равонӣ аз он вобастагӣ дорад, ки онро кӣ расонидааст ва таъкид мекунанд, ки хушунати хонаводагӣ барои кӯдакон харобиовартарин осеби равонӣ мебошад.  "Ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ, хоҳ он нисбат ба кӯдак содир шуда бошад, хоҳ ба дигар аъзои оила, барои кӯдак оқибатҳои манфии зиёде дорад,"-мегӯянд коршиносон.

Ин чунин маъно дорад, ки натанҳо ба сари кӯдак дод задан ё кӯдакро барои ин ё он амалаш ҷазо додани падару модар ё калонсолон, балки ба сари дигар аъзои оила даст бардоштан, паст задан, таҳқир кардани ҳамдигар ва ҷангу ҷидоли дохилӣ дар оила ба саломатӣ ва ҳолати руҳию равонии кӯдакон таъсири хеле сахт расонида, боиси ба бемориҳои гуногун гирифтор гаштани онҳо шуда метавонад.  

Таъсири зӯроварӣ ба психика ва ҳолати равонии кӯдакон

Зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ пеш аз ҳама ба майнаи кӯдак ва ҳолати руҳии ӯ осеб мерасонад. Зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ мисли таркиш майнаи кӯдакро такон медиҳад.

"Зӯроварӣ, новобаста аз шаклаш, бешубҳа, осебпазир аст ва ба кӯдак ҷароҳати равонӣ мерасонад. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои носолим ва дар муҳити пур аз хушунату зӯроварӣ ба воя мерасанд, дар баробари ҳар гуна ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштан ва тез-тез бемор шудан, боварӣ ва эътимодро ба дигарон ва ба худ аз даст медиҳанд. Чунин кӯдакон ҳамеша эҳсоси нотавонӣ мекунад, аз худ дифоъ карда наметавонанд ва ҳатто баъди ба воя расидан низ мақоми худро дар ҷомеа пайдо карда наметавонанд”- мегӯянд коршиносон.

Ҷароҳати сахттарини руҳӣ осебест, ки падар ё модар ба кӯдак мерасонад

Вазнинии осеби равоние, ки кӯдак мегирад, ба он вобастагӣ дорад, ки онро кӣ расонидааст. Ба гуфтаи равоншиносон, чароҳати аз ҳама вазнини руҳиро кӯдакон аз осебҳои ба онҳо расонидаи одамони наздикашон мегиранд. Вақте ки падар ё модар, яъне шахсоне, ки вазифадоранд кӯдакро ҳамеша ҳимоя намоянд, худашон ба ӯ зарбаи равонӣ ё ҷисмонӣ мерасонад, ин ба рӯҳияи кӯдак таъсири сахт расонида, ҳисси эътимодро аз даст медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД