Бисёр одамон дар фасли тобистон пай мебаранд, ки мӯйҳояшон нисбат ба дигар фаслҳо бештар мерезад. Ба гуфтаи табиб-трихолог Анна Ляшенко, ин ҳолат на ҳамеша нишонаи беморӣ аст. Дар аксари мавридҳо он ба тағйирёбии обу ҳаво, дарозтар шудани рӯз, стресс ё бемориҳои чанде пеш аз сар гузаронида вобаста мебошад.
Ба гуфтаи мутахассис, агар инсон дар як шабонарӯз то 100–150 дона мӯйро аз даст диҳад, рехтани мӯй аз ду моҳ зиёд идома наёбад ва ғафсии умумии мӯй тағйир наёбад, одатан барои ташвиш асосе нест. Ин ҳолат муваққатӣ буда, баъди чанд ҳафта худ аз худ бартараф мешавад.
Аммо агар мӯй аз ҳад зиёд резад, дар пӯсти сар ҷойҳои холӣ пайдо шаванд, хатти ҷудошавии мӯй васеъ гардад ё хориш, пӯстпартоӣ, хастагии доимӣ ва тағйироти дигар низ ба назар расанд, бояд ҳарчи зудтар ба духтури трихолог муроҷиат кард. Зеро чунин нишонаҳо метавонанд аз оғози бемориҳое, аз қабили каммӯйшавии ирсӣ, норасоии оҳан, витамини D, руҳ ё бемориҳои ғадуди сипаршакл дарак диҳанд.
Барои муайян кардани сабаби аслии мушкилот, табиб пӯсти сар ва решаи мӯйро бо дастгоҳи махсус муоина намуда, инчунин ташхиси хунро тавсия медиҳад. Танҳо баъд аз муайян шудани сабаб табобати дуруст интихоб карда мешавад.
Коршинос мегӯяд, ки ба таблиғи шампунҳои «зидди рехтани мӯй» набояд аз ҳад бовар кард. Шампун асосан барои тоза кардани мӯй пешбинӣ шудааст ва наметавонад раванди рехтани онро боздорад. Ҳамчунин истеъмоли витаминҳо ва иловаҳои ғизоӣ танҳо дар сурате фоида дорад, ки норасоии онҳо дар организм бо ташхис исбот шуда бошад. Истифодаи худсаронаи чунин воситаҳо на танҳо бефоида, балки баъзан метавонад ба натиҷаи ташхисҳо низ таъсир расонад.
Барои солим нигоҳ доштани мӯй дар фасли тобистон мутахассис тавсия медиҳад, ки сарро аз нурҳои шадиди офтоб муҳофизат кунед, баъди оббозӣ дар баҳр ё ҳавз мӯйро бо оби тоза бишӯед, онро бо дастмоли нарм бе молиш хушк намоед ва мӯйи тарро фавран шона накунед. Инчунин ҳавои аз ҳад хушки утоқҳо ва истифодаи кулоҳҳои синтетикӣ метавонад ба пӯсти сар ва мӯй таъсири манфӣ расонад.
Агар ташхис нишон диҳад, ки рехтани мӯй бо бемории ирсӣ ё дигар мушкилоти ҷиддӣ алоқаманд аст, духтур метавонад усулҳои муосири табобат, аз ҷумла плазмотерапия ё мезотерапияро тавсия диҳад. Аммо агар решаҳои мӯй пурра аз байн рафта бошанд, роҳи самараноки барқарор кардани мӯй танҳо пайванди мӯй ба ҳисоб меравад.