Formula novemver 2024
Тақсимоти такрорӣ кай мешавад?
1440

Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ аз 12-ум то 15-уми август гузаронида мешавад. Дар ин бора Замира Абдусаломзода, котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи "Оила" хабар дод.

Гуфта шуд, барои довталабоне, ки ба озмуни тақсимот (асосӣ) роҳ ёфта, комёб нагардидаанд, яъне, дар тақсимот ба муассисаҳо ноком шудаанд (донишҷӯ нашудаанд), аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимот ҷойҳои холӣ боқӣ мемонанд, озмуни тақсимоти такрорӣ баргузор мешавад.

“Феҳристи ихтисосҳои тибқи онҳо дар муассисаҳои таълимӣ баъди озмуни тақсимоти асосӣ ҷойҳои холӣ боқимонда, ки барои озмуни тақсимоти такрорӣ пешниҳод мегарданд, дар шакли электронӣ дар сомонаи Марказ нашр ва дар шакли чопӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ дастрас карда мешава”, - иброз дошт ҳамсуҳбатамон.

Абдусаломзода гуфт, ба довталабоне, ки ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрорӣ доранд, дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ барои азнавбақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS)-и ройгон ба рақами телефони мобилие, ки он дар варақаи бақайдгирии довталаб нишон дода шудааст, фиристода мешавад.

"Барои иштирок дар ин озмун довталаб бояд дар нуқтаи бақайдгирие, ки нишониаш дар паёмаки ба ӯ фиристодаи Марказ нишон дода шудааст, дар рӯзи дахлдор ҳозир гардида, аз нав сабти ном карда шавад. Ҳангоми азнавбақайдгирӣ низ довталабон имкон доранд, ки дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо, аз рӯйи ихтисосҳое, ки дорои ҷойҳои холианд, то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб намоянд. Дар ҳоле, ки ихтисос ҷойи холии ройгон дошта бошад, довталаб метавонад буҷҷавӣ дохил шавад", - гуфт сухангӯи ММТ.


Бояд гуфт, ки довталаби ба озмуни тақсимоти асосӣ роҳнаёфта ё дар асоси натиҷаи ин озмун аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба ягон муассисаи таълимӣ тақсимотшуда ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимоти такрорӣ надорад.

Натиҷаи озмуни тақсимоти такрорӣ 19-уми август эълон мешавад. Довталаби дар озмуни тақсимоти такрорӣ комёбшуда бояд дар муҳлати муқарраргардида (аз 19-ум то 23-юми август) ба муассисаи таълимии дахлдор бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳозир шавад.

Замира Абдусаломзода гуфт, ки эҳтимоли баргузории тақсимоти такрории иловагӣ низ дар назар аст ва ҳамаи донишгоҳҳо нақшаи қабулро иҷро мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи асосии тақсимоти довталабон нақшаи қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ 53% иҷро шуд. Соли равон тавассути Маркази миллии тестӣ 59 ҳазор довталаб ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шомил шуданд, дар ҳоле, ки дар нақшаи қабул 110 ҳазору 940 довталаб пешбинӣ шуда буд. Айни замон муассисаҳои олии Тоҷикистон ба 51 940 донишҷӯ ниёз доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД