arzon replenishment
Ташриф ва Ғарибшо ба хонаи шаҳидони ҷанг рафтанд
895


Ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик Ташриф Халилова ва Бахтиёр Раҳимов, ки бо тахалусси Ғарибшо маъруф аст, ба хона шаҳидони ҷанги марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки 16-17 уми сентябр рух дод, рафтанд.

Дар ин бора худи ҳунармандон бо пахши як навор дар ютуб хабар додаанд.


Меоям гуфту тобути хунинашро оварданд

Зикриоллоҳи 20- сола, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон адои хизмат мекард, ба асари даргирӣ қурбонии тири душман гашт. Ҳамагӣ 15-рӯзи дигар монда буд, ки хизматро ба анҷом расонида ба назди пайвандонаш баргардад, аммо...

Ин ҷавони бо нангу номус барои ҳифзи Ватан сина сипар намуд, то миллату давлаташро ба душман надиҳад.
Бахтиёр Раҳимов дар суҳбати худ мегӯяд, ин сеюмин хонаи шаҳид аст, ки барои ҳолпурсӣ омадем. Ин ҳунарманди машҳур аз нақли бобои Зикруллоҳ қисса мекунад, ки вақте дар роҳ будам, набераам занг зада хушхабар дод, ки 15– рӯз пас маро ҷавоб медиҳанд, омада ба шумо кӯмак мерасонам, дар дами пириатон дастгиратон мешавам, вале ба ҷойи ин тобути ғарқи хунашро оварданд.

Сӯҳбати набераю бобо аз он шаҳодат медиҳад, ки аскарони мо, сарҳадбонони мо аз ҷанг хабар надоштанд. Ин ҳамлаи ногаҳонӣ ба марзу буми кишвари мо, ҳамали ноҷавонмардони ҳамсоякишвар ба хоки давлати мо буд.
Модари Зикруллоҳ рӯзи ба хизмат рафтани писарашро бо дили хунчакон нақл карда мегӯяд: “Вақте ба писарам даъватнома омад, гуфт, ки ман пиёда ба комисариати ҳарбӣ меравам ва ҳатто ба мошин нанишаст....”

                19 сол дошт, аммо дар 3 низоъ иштирок                                          карда буд
Аслан Менеқулов, аз шаҳидони дигари ҷанг аст, ки аз маҳаллаи Умари Хайём (собиқ Ургутмаҳалла), шаҳри Бохтар мебошад. Тавре модари ин сарбоз дар суҳбат ба ҳунармандон гуфтааст, писараш ҳамагӣ 19-сола бошад ҳам, дар се муноқишаи марзӣ иштирок карда буд.
“Ҳамеша таъкид мекардам, ки бачам, эҳтиёт кун, вақти ҷанги сахт шуд, пинҳон шав ва худатро аз назди тир дур кун, вале дар ҷавоб мегуфт, оча чӣ хел ман дур шавам, виҷдонам мебардорад, ки қиррғиз хоҳару модари маро зарар расонад. Ҳеҷ вақт!”-бо ҳасрат нақл кардааст модари хунҷигар аз баҳодурии писари ҷавонмаргаш ёдовар шуда.

Аз назди модарам дур рав!

Падари сарбоз Наҷмиддинов Шуҳратҷон, ки сокини ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг буда, дар марз адои хизмат мекард, бо дардқисса кардааст:
“Вақте писарам занг зад, овози тупу танк меомад. Пурсидам, ки чӣ гап аст, эҳтиёт кун. Гуфт, ки аз пеши модарам дуртар рав. Паст-паст гап мезад, маълум буд, ки аз откоф гап мезанад. Бисёр суҳбат накардем,вале огоҳ кардам, ки тактикаи ҷангиро хуб истифода бар...”
Ҳамин тавр ин ҳунармандони машҳур як-як ба хонаводаҳои шаҳдон рафта, ба пайвандонашон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба рӯҳу арвоҳи сарбозони шуҷоъи ватан дуо хонданд.

Ёдрас мешавем, ки даргириҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-17-уми сентябр рух дод ва даҳҳо нафарро аз ҳарду тараф куштаву захмӣ гардонд. Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар ҷараёни муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 41 нафар кушта шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД