Чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу санъати тоҷик пеши сарбозони делеру шуҷое, ки синаи худро барои муҳофизати Ватан-модар сипар намуда, дар муҳорибаҳои марзӣ бо қирғизҳо барои дифоъ аз ҳар пораи хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳаммиллатони хеш ҷонашонро ба хатар гузошта, мардонавор мубориза бурданд, сари таъзим фуруд меоранд.
Далели равшани ин гуфтаҳо чандин километр роҳро тай намуда, ба Исфара ба дидани мавзеъҳои аз ҷанги қирғиз осебдида ва кулфатзадагону сарбозони тоҷик рафтани ҳунармандони шинохта, сарояндагони овозадор ва блогерҳои машҳури тоҷик мебошад, ки аз рафти сафарашн наворҳои ҷолиби видеоиро дар ютуб нашр менамоянд. Ҳаҷвнигори машҳури тоҷик Ташриф Халилов низ аз ҳаимн зумра аст. Рӯзи гузашта ин ҳаҷвнигори номдор дар Ютуб канали худ навореро нашр кард, ки дар он Ташриф дар як қисми низомӣ қарор дорад, ки дар он зиёда аз 1000 нафар сарбоз хизмат мекардаанд. Ташриф дар ин навор дар назди аскарон қарор дорад ва ба ҳамаи онҳо аҳсан гуфта, таъкидмез мегӯяд:
“Ана ҳамин шербачаҳои бо нангу номус чанд рӯз пеш синаи худро барои ин Ватан сипар карда, сарҳади моро посбонӣ карданд. Душман даромад. лекин душманро бо 20 км дур ронда, ба Ватани худ равон карданд. Агар пеши роҳашонро намегирифтан, то Бишкек мерафтанд. Боз онҳо дар СММ моро гунаҳкор карданд. Ин Ша Аллоҳ ҳақиқат рӯйи об мебарояд. Мо бо шумо ифтихор мекунем, шермардони Ватан!”
Дар ҷавоб ба ин суханони ҳаҷвнигори машҳур сарбозон бо як овоз нидо мекунанд: Тоҷикистон ба пеш! Тоҷикистон ба пеш, ба пеш!!!
Чунин амалҳои хайр дар ин рузҳои тақдирсоз басо саривақтӣ буда, дастгирии ҳамватанон, махсусан аҳли фарҳангу эҷод ба сарбозон қувваю нерӯи тоза мебахшад ва онҳоро барои дифоъ аз Ватан таҳрик медиҳад.
Аз рафти навор маълум мешавад, ки ҳаҷвнигори шинохта ҳамчун рамзи эҳтиром ва сипос барои ин аскарбачаҳо аз ҳисоби худаш оши хайрия ташкил кардааст.