Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми апрели соли 2025 дар майдони “Истиқлол” бо мақсади оғози мавсими саёҳати дохилӣ хатсайрҳоро ба роҳ монд.
Дар доираи ташаббуси мазкур намояндагони вазорату идораҳо, васоити ахбори омма ва блогерон ба мавзеъҳои гуногуни сайёҳии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ сафарбар карда шуданд.
Пеш аз оғози хатсайрҳо Ҷамшед Ҷумъахонзода - раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштирокчиён мулоқот намуд. Иброз гардид, ки иқдоми роҳандозишуда ба рушди сайёҳии дохилӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони маҳаллӣ кумак мерасонад.
Тибқи нақша намояндаи сомонаи Oila.tj дар хатсайри Душанбе - Ҷалолиддини Балхӣ - Носири Хусрав - Бохтар - Данғара - Норак иштирок кард.
Баъди расидан ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирокчиёни хатсайр аз мақбараи шоири бузурги тоҷик ва “Хонаи рамзии Мавлоно”, майдони Нишону Парчам ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ин ноҳия дидан намуданд.
Дар идомаи хатсайр иштирокчиён ба сӯйи ноҳияи Носири Хусрав роҳ пеш гирифтанд ва дар мавзеи Чилучорчашма манзараҳои зебои табиатро тамошо карданд.
Мувофиқи нақша, иштирокчиён дар идомаи сафар ба шаҳри таърихии Бохтар расиданд, аз боғу дигар маконҳои зебои ин шаҳр дидан намуданд ва бо ҳамин рӯзи якуми сафарашон ба охир расид.