Тибқи нақшаи кории Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо ташаббуси Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти мазкур бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва табибони варзида дар деҳаи наздисарҳадии ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорабинии солимгардонии "Корвони саломатӣ" гузаронида шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар чорабинии "Корвони саломатӣ" табибони эндокринолог, табиби тиби оилавӣ, акушер-гинеколог, кардиолог ва асабшинос бо истифода аз таҷҳизоти муосири ташхисӣ ба сокинон тариқи ройгон хизматрасонӣ намудаанд. Шумораи умумии муроҷиаткунандагон зимни чорабинии мазкур 521 нафарро ташкил додааст.
Аз тарафи мутахассисони соҳа ба бемороне, ки зимни муоина дарёфт карда шудаанд, маслиҳатҳои судманд дода шуда, теъдоде аз онҳо ба назорати диспансерӣ гирифта шуда, 5 нафар маъюб ва ашхоси ниёзманд ба муоинаи тиббӣ ва аёдат фаро гирифта шудаанд.