Муррабӣ Абдулманап Нурмагомедов, падари муштзан Ҳабиб Нурмагомедов фавтид. Дар ин бора сардори Чеченистон Рамзан Кадиров.
”Хабари мудҳиш дар мавриди аз дунё гузаштани Абдулманап Нурмагомедов ба гӯшам расид. Аз номи тамоми халқи чечен тасаллиятро ба оилаи Абдулманап Магомедович мерасонам. Ӯ моро тарк кард ва пас аз худ номи некашро абадан боқӣ гузошт. Инчунин, насли арзандаро ба воя расонд”-навиштааст президент дар саҳифа Telegram-и худ".
15-апрел Абдулманап Нурмагомедов дар беморхонаи шаҳри Махачкала бистарӣ гардида буд. Чанд муддат пас ташхис нишон дод, ки ӯ бемории пневмония дорад. Барои муайян кардан мавҷудияти коронавирус аз тест гузашт, вале дар бобати ҷавоб чизе гуфта нашуд.
13-май падари муштзан дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав дар ҳолати вазнин қарор дошт.
18-май оҷонсии ТАСС дар такя ба сарчашмаи мутаъмад иттилоъ дода буд, ки Абдулманап Нурмагомедов –падар ва мураббии варзишгари рус ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст шуд. Худи ҳамон рӯз Ҳабиб Нурмагомедов тасдиқ намуд, ки падараш мубталои бемории COVID-19 шудааст.