Маҳсулоти лозима:
Гӯшти пойи гов – 2кг
Гӯшти гов – 400 грам
Сабзӣ – 1-2 дона
Пиёз – 1-2 дона
Укроб – 1 дона
Барги ғор (лавровый лист) – 2дона
Мурч (чёрный перец и душистый) – 2 горшин
Об – 5литр
Тарзи таҳия:
Аввал пойҳои говро аз пашм тоза карда, мешӯем. Дар дег об рехта пойҳои тозашуда ва майдакародаи говро меандозем ва қариб то пухтанашон нағз меҷӯшонем. (Ба ҳар килограми гӯшти пойи гов 2 литр об рехтан лозим аст.) Дар ин миён гӯшти говро дар зарфи дигар меҷӯшонем.
Вақте ки гӯшти пойи гов ҷӯш омад, кафкҳояшро мегирем ва сабзӣ, пиёз, тухм, барги ғор (лавровый лист) мурч (чёрный перец и душистый) ва каме намак илова карда, дар оташи паст 7-8 соат меҷӯшонем. Дар зарфҳои якхела тухм, сабзӣ, укроб ва сирпиёзро реза карда меандозем, пасон гӯшти гов, пойҳо ва равғанашро реза карда илова мекунем ва аз болояшон оби ҷӯшидаро (бульон) мерезем. Каме хунук, ки шуд, дар яхдон мегузорем.
Иштиҳои том!