Formula 2025 may
Тартиби вуруди муҳоҷирон ба Русия дигар мешавад
251

Тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия дигаргун мешавад.

Шуруъ аз 30-юми июн ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд ба Русия сафар намоянд, бояд 72 соат пеш аз вуруд тавассути замимаи “Госуслуги RuID” худро сабти ном карда, маълумотҳои шахсиашонро пешниҳод намоянд.

Дар хабар омадааст, ки пас аз сабти ном ба шаҳрвандони хориҷӣ рамзи махсус дода мешавад ва танҳо бо он иҷозаи вуруд ба кишварро ба даст меоранд.

Дар баъзе ҳолатҳо дархост метавонад 4 соат пеш аз вуруд ирсол гардад. Дархост 90 рӯз эътибор дорад. Кӯдакони то 6-сола ва шахсони дорои иҷозаи зист аз пешниҳоди маълумоти шахсӣ озоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД