Аврупо тартиби нави воридшавии шаҳрвандони хориҷиро ҷорӣ намуд. Шуруъ аз 12-уми октябр дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо системаи электронии бақайдгирии вуруд ва хурӯҷ барои шаҳрвандони мамолики хориҷӣ-Entry Exit System, EES амал мекунад.
Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба сомонаи директори генералӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва корҳои дохилии Комиссияи Аврупо хабар додаанд.
Тартиботи нав ҳамчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо раводиди Шенген ба муҳлати то 90 рӯз дар давоми ним сол ба қаламрави яке аз 29 давлатҳои ҳудуди Аврупо дохил ва ё аз он хориҷ мешаванд, дахл дорад.
Ҳангоми бори аввал аз марз гузаштан, ҳатман аз қайди электронӣ гузаштан лозим аст. Барои ин маълумотҳои биометрии шаҳрванди хориҷӣ ҷамъоварӣ карда шуда, аз ташхиси изи ангуштон мегузарад, акс мегирад ва шиносномаашро нусхабардорӣ мекунанд.
Тибқи нақша ин система дар давомои шаш моҳ зина ба зина ҷорӣ карда шуда, аз 10-уми апрели соли 2026 дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо реҷаи бо усули дастӣ муҳр гузоштан ба шиносномаҳо ба пуррагӣ барҳам мехӯрад.
Ҳадаф аз ҷорӣ намудани системаи электронии бақайдгирии вуруд ва хурӯҷи шаҳрвандони хориҷӣ пешгирии сохтакории ҳуҷҷаттҳо ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба кишварҳои Аврупо ва ошкор намудани шахсоне мебошад, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин давлатҳо кор ва зиндагӣ карда истодаанд.