goodwell
Тартиби муҳргузорӣ дар корти муҳоҷиратӣ шарҳ дода шуд
19.08.2026
Oila.tj
66

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия тартиби тамдиди муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва гузоштани муҳр дар корти муҳоҷиратиро шарҳ дод.

Ба иттилои намояндагӣ, шаҳрвандони хориҷӣ барои тамдиди муҳлати будубош ва гирифтани муҳр дар корти муҳоҷиратӣ бояд ба мақомоти Вазорати корҳои дохилии Русия ариза пешниҳод кунанд.

Ин талабот аз ҷумла ба гурӯҳҳои зерин дахл дорад:

1. Шаҳрвандони хориҷие, ки бе раводид (виза) вориди Русия шуда, барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозатномаи иқомати доимӣ (ВНЖ) иқдом мекунанд;

2. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба муассисаҳои таълимии Русия барои таҳсил қабул мешаванд;

  1. Шаҳрвандони хориҷие, ки барои тамдиди муҳлати будубош ба таври инфиродӣ ариза медиҳанд;

4. Шахсоне, ки хешованди шаҳрванди Русия мебошанд;

5. Шахсоне, ки бинобар табобат ё дигар сабабҳои ҷиддӣ Русияро тарк карда наметавонанд.

Ҳамзамон, намояндагӣ таъкид кардааст, ки барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия дар асоси патент кор мекунанд, пас аз пардохти боҷи патент дигар зарурати муроҷиат ба ВКД-и Русия ва гирифтани муҳр дар корти муҳоҷиратӣ барои тамдиди муҳлати будубош вуҷуд надорад.

Мақомот аз муҳоҷирон даъват кардаанд, ки ҳангоми будубош дар Русия талаботи қонунгузории муҳоҷиратиро риоя намуда, ҳуҷҷатҳои худро сари вақт ба расмият дароранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД