Дар таркише, ки дар "Оби шифобахш"-и шаҳри Ваҳдат рух дод,6 нафар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон фавтиданд ва чор нафари дигар дар ҳолати вазини қарор доранд.
Толибҷон Ҳайдаров, духтури эҳёгари шуъбаи наҷот аз сӯхтори беморхонаи рақами 3-и шаҳри Душанбе хабари даргузашти ду нафарро бар асари таркиш дар “Оби шифобахш”-и Ваҳдат тасдиқ намуда, ному насаби марҳумонро низ ба хабарнигорони “Азия-Плюс” гуфтааст.
Муродалӣ Зайниддинов ва Абдураҳмон Муҳаммадсоҳибови 27-сола бар асари таркиш дар “Оби шифобахш” ҷони худро аз даст доданд. Ба қавли табибон дар натиҷаи таркиш 90 дар сади бадани ин ду нафар сӯхта буд ва рӯзи 7-уми январ дар беморхона даргузаштаанд.
«Рӯзи 3-юми январ 6 нафар бемор бо ҷароҳатҳои вазнини сӯхтор, соати 11-и шаб ба беморхона интиқол дода шуданд. Дар натиҷаи таркиш, беш аз 90 дар сади бадани онҳо сӯхта буд. Барои наҷоти онҳо тамоми чораҳои зарурии тиббӣ андешида шуд, вале мутаассифона ду нафари онҳо, ки хеле ҷвон буданд, рӯзи 7-январ ба ҳалокат расиданд», - гуфтааст пизишки эҳёгар.
Манбаъ ҳамчунин илова мекунад, ки вазъи саломатии 4 нафари захмиёни дигар низ вазнин буда, бадани онҳо низ беш аз 90 дар сад осеб дидааст. Синну соли осебдидаҳо 26, 35, 32 ва 46-сола ва ҳамаашон мард будаанд.
- Табибон барои наҷоти ҷони захмиён тамоми корҳоро карда истодаанд, то онҳоро аз доми марг наҷот диҳанд. Ҳарчанд ҷароҳати гирифтаи беморон вахим аст, аммо умед аст, ки шифо ёбанд, - гуфтааст Толибҷон Ҳайдаров.
Ҳодисаи таркиши гази "пропан" рӯзи 3-юми январ дар Маркази табобатиии «Оби шифобахш»-и шаҳри Ваҳдат аз газе, дар таркиби оби мазкур мавҷуд будааст, ба амал омада буд, ки дар натиҷаи он 6 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз таркиши ногаҳонӣ дар деҳаи Чилламазори ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат хабар дода гуфта буд, ки чанд ҷойи бадани онҳо сӯхтааст. Аммо маълум нест, ки ин шаш нафар беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.
Табибони шуъбаи наҷоти сӯхтор низ мегӯянд, барои онҳо низ маълум нест, ки ҷароҳатбардоштагон аз шумули беморон буданд ё не.
Гуфта мешавад, ки мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии КҲФ ҳамроҳ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ гардида, муайян кардаанд, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст. Ҳамчунин ин мутахассисон иллати таркишро комилан таҳқиқ мекунанд.