Китоби муқаддаси Қуръон китоби фиристодаи Илоҳӣ буда, дар тӯли 23 сол ба ҳазрати Муҳаммад нозил шудааст.
Сараввал китобро ҳазрати Абӯбакри Сидиқ яке аз чорёрони ҳазрати Муҳаммад (с) ба шакли китоб гирд овард. Сипас ҳазрати Усмон (р) нафаре аз дӯстони дигари ҳазрати Муҳаммад (с) ин кори вайро идома дод. Дар Қуръон мазмун, амру наҳй, қоидаву қонунҳо, тиҷорат, оиладорӣ, молу мулк зикр шуда, он чун роҳнамои ахлоқӣ барои мусалмонон пазируфта шудааст ва он аз 114 сура, 6236 оят, 77934 калима, 323621 ҳарф иборат аст. Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки худ донандаи (қории) Қуръон будааст, мегӯяд:
Субҳхезию саодатталбӣ, эй Ҳофиз, ҳар чӣ кардам ҳама аз Давлати Қуръон кардам.
Услуб ва баёни ин китоби муқаддас мувофиқи мазмуну мақсад ва сураҳояш буда, боҳашамат ва пурэътибор аст ва бо мурури вақт эътибораш торафт меафзояд. Нисбати ин китоби муқаддас бисёр олимон, шоирон ва нависандагони Русу Олмон ва пешвоёни дигар миллатҳо фикру ақидаҳои хешро иброз доштаанд ва дӯстдорони ин китобро ба он даъват намудаанд, ки аз рӯи ин китоби Иллоҳӣ кор ва зиндагӣ кунанд ва онро ҳамчун роҳнамои зиндагӣ истифода баранд.
Шоири шаҳири рус, сардафтари адабиёти классики рус Александр Сергеевич Пушкин ба эҳсоси амиқи шеърият ва ҷозибаи сухан дар Қуръон пайравӣ намуда, силсилаи шеърҳояш «Тақлиди Қуръон»-ро (Подержание Корану) эъҷод намуд. Инчунин вай боз нисбати ин китоби иллоҳӣ ва муқаддас гуфта буд, ки дар сарзамине, ки аз рӯи ин китоби муқаддас зиндагӣ ва кору амал мекунанд ва онро (китоби Қуръонро) роҳнамои худ меҳисобанд, дар он сарзамин на хиёнат ба Ватан мешавад ва на дуздӣ, на зӯроварӣ ва на таҷовуз ба номус ва на истисмори одам аз тарафи одам.
Шоири шаҳири немис И. Гёте нисбати Қуръон чунин гуфтааст:
«Қуръон сараввал диққати маро ба худ ҷалб мекунад, мафтун месозад ва дар ниҳояти кор водор ба он менамояд, ки ба он ба каломи эҳтиром муносибат намоем. Услуби он мувофиқи мазмуну мақсад ва сураҳояш буда, боҳашамат, пурмазмун ва пурэътибор аст ва бо мурури вақт ва замон эътибораш торафт меафзояд. Аз ин рӯ, ин китоб дар тули қарнҳо таъсири зӯртарин ва беҳтарин хоҳад расонд».
Ҳанӯз дар асри XI маълумоти аввалини хаттӣ оид ба Қуръон дар Россия пайдо шудааст. Дар асри XVII барои шоҳзодагон Пётр ва бародари ӯ Иван нахустин навиштаҷот оид ба Қуръон таълиф гардид.
Ҳанӯз дар айёми ҷавонӣ, аниқтараш ҳангоми донишҷӯ буданаш К. Маркс барои он, ки китоби «Қуръон»-ро хонад ва аз он баҳра барад, ба омӯзиши забони арабӣ шурӯъ намуд ва ба он муваффақ низ шуд.
Бисёр хуб мешуд, ки дар ҷумҳурии мо низ ба омӯзиши ин забон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ Қуръон ҳамчун фанни таълимиву тарбиявӣ омӯхта шавад. Дар он сурат хонандагон аз ин китоби муқаддас бебаҳра намемонанд ва ҳисси ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, рафтору гуфтори нек, одаму одамгарӣ ва донишомӯзии онҳо зиёд мешавад ва онҳо ҳамчун инсони ватандӯст ба воя мерасанд.
Чӣ тавре, ки устод Садриддин Айнӣ гуфта буд: «Ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст… Ватан шарафу номуси ӯст. Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст!»
Ҳоло гӯшаеро пешкаши ҳаводорон ва хонандагон мекунем, ки аз давраи пайдоиши Қуръони Карим, пайдоиши мушкилотҳо дар ин роҳ, рафтор ва кору кирдори душманони ашаддии ислом-мушрикон нақл хоҳад кард.
Дар ин бобат зарур аст, ки ба таври мухтасар дар бобати адабиёти хориҷӣ ва Ватанӣ, ки ба Қуръон бахшида шудаанд, мулоҳиза ронем.
Исломшиносон ва мусташриқини хориҷӣ роҷеъ ба Қуръон, таърихи пайдоиш ва ташаккулу такомул, таърихи инкишоф ва фаъолияти тафсир муҳимтарин фанни таълимӣ дар мадрасаҳои олии илоҳии исломӣ, инчунин дар факултаҳои ҳуқуқу фалсафаи Донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ роиҷ адабиёти басе ѓанӣ эҷод кардаанд. Аммо ин адабиёт ба оммаи васеи хонандагон дастрас нест. Ва асосан бештари корҳои илмии мазкур аз мавқеъҳои идеалистӣ, таърихи баҳсҳои намояндагони ҷараёнҳои гуногуни ислом ё таърихи ба вуҷуд омадани ин ё он ояти «Китоби муқаддас»-и мусалмононро дақиқона ба риштаи таҳрир кашидааст. Дар аксари ин асарҳо осори маддоҳӣ ва аврупогароии масеҳият дида мешавад, ки таърихи ҳақиқии аъроб ва дигар халқҳои Шарқ ва мақоми ононро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ таҳриф кардаанд. Дар таҳқиқи Қуръони карим олимони мусташриқи тоинқилобии кишварамон ҳиссаи арзанда гузоштанд. Аммо, аксаран кори онҳо мутлақ хислати академикӣ доштанду муаллифон аз мавқеи атеизми илмӣ дур буданд.
Дар адабиёти илмӣ-атеистии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ то кунун ба масъалаҳои таҳлили интиқодии Қуръон аҳамияти ночиз медоданд. Дар омӯзиши амиқи он И.Ю. Крачковский, мусташриқ ва арабшиноси маъруфи русу собиқ Шӯравӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Тарҷумаи аз арабӣ ба русии Қуръон, ки бо сарсухани В.И.Беляев ва Л.Грязневи, таҳти таҳрири В.И. Беляев аз ҷониби нашриёти «Восточная литература» («Адабиёти Шарқ») соли 1963 ба табъ расид, ба қалами ӯ тааллуқ дошт. Аммо ин тарҷума, ки бар асли арабияш комилан мувофиқат дорад, барои хонандаи оддӣ ниҳоят мушкил аст.
Мусташриқони намоёни собиқ Шӯравӣ қабл аз Ҷанги Бузурги Меҳанӣ ва баъд аз он дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмӯаҳои ба Машриқ бахшидашуда мақолаҳои ҷиддие чоп намуданд, ки ба ин ё он масъалаи Қуръон дахл дошт. Лекин мақолаҳои номбурда сирф илмӣ буданд ва асосан барои мутахассисон тавсия мешуданд.
Соли 1927 ва баъдан дар соли 1929 китоби Л.И.Климович яке аз донишмандони маъруфи исломшинос, мутахассиси адабиёти халқҳои собиқ Шӯравӣ ва Шарқи хориҷӣ таҳти унвони «Мундариҷаи Қуръон» ба чоп расид. Муаллиф аз тарҷумаи Қуръони Г.С.Саблуков, мусташриқ ва мубаллиѓи машҳури қазонӣ истифода намудааст.
Ин тарҷума, ки бори аввал соли 1878 ва баъдан солҳои 1894 ва 1907 таҷдиди нашр шудааст, аз ҳамгунӣ дида, бештар хислати мазмунӣ дошт. Бо вуҷуди ин тарҷума дар амри омӯзиши Қуръон дар Русия аҳамияти муҳим дошт. Аммо китоби Л.И.Климович барои аз назари интиқодӣ омӯхтани «Китоби муқаддас» нақши ҷиддӣ бозидааст, имрӯз низ як асари нодир маҳсуб мешавад.
Муаллифон умедворанд, ки китоб ба мубаллиѓони атеизми илмӣ, ҳамчунин ба хонандагоне, ки ба масъалаҳои атеизми илмӣ ва таърихи дин таваҷҷуҳ доранд, ҳамчун дастур хидмат мекунад. Онҳо пинҳон намедоранд, ки ашхоси мӯътақиди дину мазҳаб низ китобро мутолиа намуда, дар боби масоиле, ки ҳамеша диққати онҳоро ба худ ҷалб мекард ва ба он чизҳое, ки боиси эътиқоди онҳо гардидааст, маълумоти муфид ба даст хоҳанд овард.
Дар боби ҷовидонӣ ва ҷаҳонӣ гаштани Қуръон ва пазируфтани он миёни мусалмонони ҷаҳон ақидаи васее паҳн гаштааст. Калом-як рукни илмии илоҳиёт низ ин андешаро мудаллал менамояд. Ва тибқи он мусҳафи муқаддас, ё каломи маҷид ҳамеша дар Арши аълои Худованд қарор доштааст. Вале он ба одамон танҳо ба баракати ҳазрати Муҳаммад (с) маъруф гардидааст ва Худованд тавассути ҳазрати Ҷибриил алайҳиссалом мазомини Қуръонро дар моҳи шарифи Рамазон бар ӯ иноят менамуд.
Ақидаи офаридашаванда будани Қуръон дар матнаш инъикоси худро ёфтааст. Дар чор ҷои Қуръон ишорат мешавад, ки ин китоб аз ҷониби одамон офарида нашудааст, балки он самараи қудрати илоҳист…
Сафаралӣ Шарифов-узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгор