Oila Navruz
Тақрибан 1 миллион кӯдаки афғон мефавтад
1219

Дар Афғонистон то охири сол камтар аз 1 миллион кӯдаконро хатари марг таҳдид мекунад.
РИА Новости бо такя ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштӣ то охир сол бо сабаби набудани ғизо тақрибан як миллион кӯдаки афғон аз гуруснагӣ мефавтанд.


"Фақири дар ин кишвар рӯ ба афзуншавӣ дорад,. Ҳамчунин дар соҳаи тандурстӣ низ мушкилоти ҷиддӣ вуҷуд дорад. То охири сол тақрибан 3,2 миллион кӯдакони то 5 сола аз гуруснагии шадид азият мекашанд ва камтар аз як миллион кудатро марг интизор аст.
Қаблан Довуд Бизли намояндаи барномаи ҷаҳонии ғизо СММ даъват карда буд, ки барои пешгирии фақр ва гурӯснагӣ дар зимистони имсола дар Афғонистон чораҳои зарурӣ андешанд.
"Вазъият хеле нигароникунанда аст”. 95 дарсади сокинони кишварҳои ҷаҳон аз норасогии ғизо танқисӣ мекашанд, ки аз он 23 миллион одамон ба гуруснагии ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд, таъкид дошт сарвари барномаи ҷаҳонии ғизо СММ дар Кобул.

Давлатҳои ғарбӣ дар айни ҳол расонидани кумакҳои ғизоӣ манъ карданд. Ҳамчунин бонки Ҷаҳонӣ ва фонди Байналмилалии асъор маблағгузрориро қатъ кардааст. Кай барқарор шудани он номаълум аст, зеро ҳукумати толибонро расман дар ҷаҳон ягон кишвар эътироф кардан намехоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД