Тараннуми Соли нав
01.01.2026
Oila.tj
49

Аз пушти дара барфи сапед омадааст,

То бар сари шохасори бед омадааст.

Дарвозаи дил кушо ба истиқболаш,

Соли нави мо ҳам ба умед омадааст.

Эй кошкӣ соли нав биёрад шодӣ,

Сад боғ шукуҳу сад замин ободӣ.

Гардида ба омад-омадои аҷабаш,

Хонем барои ҳам муборакбодӣ.

Мурғе ба сари шохаи бед омадааст,

Дар лаб ғазали сабзи умед омадааст.

Ҳар лаҳза суруди соли нав мехонад,

Чун бо пару бо боли сапед омадааст.

***

Парвозарез симу зар аз барф, барфи ишқ,

Оинадор бому дар аз зарф, зарфи ишқ.

Мардум раҳи умед ба шодӣ гирифтаанд,

Афсоназор баҳру бар аз тарф, тарфи ишқ.

Исонафас биё, ки ба арши фариштаҳо,

Доман кашида зебу фар аз жарф, жарфи ишқ.

Эй навниҳол, пираҳану пайкарат сапед,

Бар гарданат сапедатар аз шарф, шарфи ишқ.

Ҳар соли нав чу муждаи нав ояд, Озарахш,

Аз номи ёр, номагар аз ҳарф, ҳарфи ишқ!

***

Соли нав, соли накӯ, соли вафо,

Соли иқболу фараҳ, нуру сафо.

Соли неъмат, соли давлат, соли ишқ,

Соли пирӯзӣ муборак бар шумо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД