Arzon march 2024
Тараннуми Истиқлол
09.09.2022
Оила
961

 

Нури истиқлол

Нӯрест ба дидагони мо Истиқлол,

Зӯре ба тану равони мо Истиқлол.

Як миллати пошхӯрдаро ҷамъ овард,

Пайвандгарди ҷаҳони мо Истиқлол.

 

Бо пайки хушаш ҳама Ватансоз шудем,

Ному насабу забони мо Истиқлол.

Соҳибватанему соҳиби қисмати хеш,

Муъҷизаи шаъну шони мо Истиқлол.

 

Равшан шуда аз чароғи чашмаш роҳи мо,

Моҳест дар осмони мо Истиқлол.

Эй ҳамқлами азиз, васфаш бисаро,

Зебоии достони мо Истиқлол.

 

Шукрона, ки дар канори ӯ масрурем,

Ободии хонадони мо Истиқлол.

Шаҳномаву Шаҳриёру Шаҳрия турост,

Тоҷи шарафу нишони мо, Истиқлол.

 

Шаҳрия

Маснади волои Истиқлол

Месароям маснади волои истиқлол,

Медамад хуршед аз фардои истиқлол.

Зери бори минати ғайре будан талх аст,

Коми мо ширин шуд аз ҳавлои истиқлол.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашту лек,

Аз ҷаҳони ишқ буд ҷӯёи истиқлол.

Пири Тусӣ кард эҳё то Хурусонам

Шоҳнома худ бувад эҳёои истиқлол.

Миллати мо зист бо фарҳанги андеша,

То музаффар гашт ба дунёи истиқлол.

Қисса шуд шеъру забони шакарӣ моро,

Шеъри мо дорад ҳама маънои истиқлол.

Сураҳои ишқ орам ман ба номаш беш,

Оят-оят мекунам ифшои истиқлол,

Ҳамватан ! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз,

Саҷда бояд кард хоки пои истиқлол.

 

Хандаи хуршеди Истиқлол

Хандаи хуршеди Истиклол,

Файз мерезад ба чони мо.

Зиндаву поянда медорад,

Парчами сабзу забони мо.

 

Илму фарханг аст Истиклол,

Тахти авранг аст Истиклол.

Ҳамватан, баҳри ману ту,

Парчами нанг аст, истиклол

 

Ниёиши истиқлол

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

 

Бибӯсам парчами сабзи Ватанро,

Хазони дил равад, ояд баҳорам.

Шабонгаҳ бодаи моҳаш бинӯшам,

Сабоҳаш бод дорӯи хуморам.

 

Агарчи баргу борам борҳо рехт,

Ҳамоно такдарахти устуворам.

Зи шеъри ноби илҳоми Худованд,

Маонии накуро Интизорам.

 

Шаҳодатномаи ман «Шоӯнома»-ст,

Ватан оғози сабзи рузгорам.

Хуросони суханро шоире бод,

Чу Фирдавсӣ бигӯяд з-ифтихорам:

 

Ки оре, ориёиям ба олам,

Ва бошад Зардухишту Ҷам таборам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД