Салом ба кулли хонандагони «Оила». Мақсади нома нигоштанам маслиҳат додан ба як духтари дар дуроҳаи қисмат ҳайрону зор мондааст, ки айни ҳол ба ҷуз фикри худкушӣ кардан, дигар фикре дар сар надорад.
Нишона, хоҳари азизам, боварӣ дорам, ки духтари боақлу бозаковат ҳастӣ ва ба доми фиреби ду ҷавон афтида бошӣ ҳам, ба хатогии тақдирсӯз роҳ дода, ба тағои дӯстдоштаат ба шавҳар намебароӣ. Барқасди Мансур ба тағояш ба шавҳар баромада, ӯро сӯзонданӣ бошӣ, бидон, ки хаёлат хом аст. Ин корро карда ту танҳо ба худат зарар мерасонию халос. Мардҳо як одати бад доранд, зан, ки гирифтанд, оламу одамро фаромӯш мекунанд. Мансур мазаи оғӯши арӯси навро чашад, дигар туро ҳатто ба ёд намеорад, ту бошӣ, як умр таънашунав гашта, мисли шамъ бе дуд месӯзӣ.
Барои як номард шуда худатро ба коми оташ ҳаво надеҳ, хоҳарҷон. Гумон накун, ки ин тағои Мансур сидқан туро дӯст медорад, ин танҳо як бозӣ аст, яъне ту натавонистӣ, вале ман гирифтам. Бовар кун, агар ба ӯ ба шавҳар бароӣ, моҳи асал ба охир нарасида, аз ишқу муҳаббати ин мард дигар на ном мемонад, на нишона, ҳама муҳаббаташ баъди тӯй ба нафрати бузурге табдил ёфта, сари ҳар қадам таъна хоҳад зад, ки агар духтари боодобу тарбиятдида мебудӣ, бо ҷияни ман намегаштӣ.
Гӯшу майнаатро мехӯрад, аз ҷони ширин безорат мекунад ин мард. Барои ҳамин ақлатро кор фармою сари вақт муносибататро аз ин тағою ҷиян тамоман бикан ва номи ин тағою ҷияни маккорро аз дафтари дилат хат бизан. Тасаввур кун, ки ҳардуяшон мурдаанд.
Очаи бачазой намурдааст, сарат амон бошад, боз садҳо ҷавони хушбурути хушқаду қомат талабгорат мешавад! Бароят аз даргоҳи худованди меҳрубон бахти сафед мехоҳам хоҳарҷон!
Заррина, аз Навобод.