arzon replenishment
ТАҒОЯМ ТО ДАМИ МАРГ ДАР ЁДИ ТОҶИКИСТОН БУД
25.03.2021
Р. Азимӣ
4246


Тағоям Ибоидин Тухсанов дар шаҳри Қазон кор мекард. Табиатан марди дилсӯзу саховатманд, ки буд, натанҳо ба хешу табор, балки ба ҳар шиносу ношинос дасти ёрӣ дароз мекард. Бо дастгирии тағои номдорам ману хоҳаракам ба яке аз донишгоҳҳои беҳтарини шаҳри Қазон дохил шудем.

Мо, ҷиянҳо шабро дар хонаи тағои дарёдиламон рӯз карда, аз ҳисоби ӯ мехӯрдему мепӯшидем. Ифтихор доштем бо тағои номдорамон, вале намедонам чӣ шуду чӣ монд, ки тағоям якбора бемор шуда аз по афтид. Сарамонро ба сад дар зада ӯро ба беҳтарин табибон нишон додем, аммо касе ба дардаш даво ёфта наметавонист. Ба тағоям чашми бад расид ё касе ӯро сеҳру ҷоду карда буд, ки ягон духтур дардашро намеёфт. Тағоям дар бистари беморӣ ҳар замон оҳи сард кашида ёди Ватан ва ёди зану фарзандонашро мекард ва афсӯс мехӯрд, ки писари яккаву ягонаашро хонадор карда, ормон шикаста натавонист.

Пеш аз маргаш сари моро сила намуда васияту ҳасрат кард, ки ӯро ғарибгӯр накунем, бо кадом роҳе набошад, мурдаашро ба диёри азизамон бурда дар хоки Тоҷикистон дафъ намоем, то арвоҳаш як умр саргардон намонад. Ин мисраҳоро гаштаю баргашта такрор мекард тағои ормониам:

Гар бимирам дар ғарибӣ Тоҷикистонам баред,
Бо дуои хайру Қуръонам баред.
Карда аст хотир парешонам ғарибӣ солҳо,
Баъди маргам сӯи хешону азизонам баред.

Ҳамин тавр тағои паҳлавонам дар синни 40 солагӣ ҷони ҷавонашро дар мулки бегона ба ҷонофарин супурду фиғони мо ба фалак бархост. Гирёну нолон ҷасади тағоҷонамро ба Ватан оварда ба хок супоридем.

Аз марги тағоҷонам як моҳ сипарӣ шуду мо дубора ба Қазон баргаштем, вале акнун ин шаҳри зебо дар назарамон холӣ ва тираю тор менамояд. Ҷойи тағоям дар дили мо абадан холӣ мемонад…

Абдуразоқ Маҳкамов,

донишҷӯи бахши ҳуқуқшиносӣ,

аз шаҳри Қазон

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД