Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 9-сентябр ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар дар саросари ҷумҳурӣ ба таври тантанавӣ таҷлил карда мешавад.Имсол низ бахшида ба ин санаи таърихӣ дар гӯшаву канорҳои мухталифи Тоҷики стон чорабиниҳои зиёди фарҳангию ҳунарӣ баргузор карда мешаванд.
Пагоҳ, 8-сентябр бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои рангини консертию ҳунарӣ ба нақша гирифта шудааст. Шоми 8 сентябр дар “Майдони Истиқлол”- и пойтахт ба ифтихори кушодашавии ва мавриди истифода қарор гирифтани “Майдони Истиқлол” ва ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон як барномаи вижа ва муҳташаму мутантани фарҳангӣ баргузор мегардад, ки дар он устодони санъат, сарояндагони машҳур ва ситораҳои санъати тоҷик иштирок хоҳанд кард.