35 years of independency
Тантанаи Истиқлол дар боргоҳи илму ҳунар
118

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан» чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирӣ аҳли кормандону хонандагони муассисаро ба муносибати ин ҷашни бузургу муқаддас - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти корӣ ва таҳсил барору комёбӣ, саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

Сипас, як қатор кормандони Литсейи касбии техникии шаҳри Истаравшан барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва фаъолияти пурсамар бо нишони "Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон" ва ҳамчунин бо сипосномаи раиси шаҳри Истаравшан қадрдонӣ гардиданд.

Дар идомаи чорабинии идона намоиши маҳсули дасти хонандагону кормандони литсей ташкил карда шуд. Дар он ҳунару маҳорати касбомӯзон ва дастовардҳои эҷодии онҳо ба маърази тамошо гузошта шуда, меҳмонон аз истеъдоду маҳорати хонандагон дидан намуданд.

Чорабинии идонаро барномаи фарҳангии бахши фарҳанги шаҳри Истаравшан шукӯҳу шаҳомати хос бахшид.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД