Sebiston new 2024 october
Тангаву тилло фарзандро хушбахт намекунад
19.05.2024
ОИЛА.ТҶ
390

Меҳмони навбатии гӯшаи “Маслиҳати хушдоман” сокини вилояти Самарқанд, шаҳраки Ҷума, деҳаи Оқсой, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 13 Саломова Бунафша ҳастанд.

Нуқтаи назари муаллима дар мавриди нигоҳ доштани оромиву осоиштагӣ дар оилаҳои ҷавон чунин аст:

- Инсон он вақт ба қадри рўзгори орому осоишта мерасад, ки онро худаш бо заҳмат барпо намояд. Волидайнро зарур аст, ки пайи манманиву ҳавасҳои беҳуда нарафта, ба фарзандон тамоми шароитро барои омўхтани илму дониш муҳайё созанд. Бигузор ҷавонон кор карда, рўзгори хешро обод созанд, ана он вақт шояд ба қадри зиндагӣ расанд.

Барвақт оиладор намудани ду ҷавони ба зиндагӣ нотайёр камоли нодонист. Чизу чора ва он ҷињозе, ки бо меҳнату машаққати волидон пайдо шудааст, қатор-қатор тангаву тиллову куртаҳои қимматбаҳо ҳаргиз нишони дар оянда хушбахт шудани ҷавонон нест. Беҳтараш ба фарзандон меҳнат кардану зиндагии хешро обод карданро омӯзонед ва роҳбалади зиндагии шоистаи онҳо бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД