ИДОМААШ...
Хуршедам мактаби миёнаро базӯр хатм карду ба назди падараш рафт. Ин кораш корди сабрамро ба устухон расонд, ки “ё ман, ё падарат”-гуфта, пеш аз рафтан барояш шарт гузоштам.
-Очаҷон, шукр, шумо солимед. Хоҳару додарам, шавҳарҷонат бо шумост. Падарам бошад, ғайр аз ман касе надорад,-ҷавобам дод бо сари хаму аз дарвоза берун шуд...
Шавҳари дуюмам чуноне дар боло қайд кардам, марди ҳалиму меҳрубонест. Ӯ аз ҳоли ботинии ман огаҳ аст, ки сухани пасту баланде бароям намегӯяд.
-Мардак, ман ин ҳолро таҳаммул карда наметавонам. Дури аз писаракам дилу ҷонамро афгор мекунад. Чӣ мешавад, ки дар роҳи савоб як кор кунем...
Ман канда-канда, базӯр-базӯр аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки иҷозат диҳад, то Хуршед падарашро ба хонаамон биёраду ӯро дар ҳамин ҷо нигоҳубин кунад.
Шавҳарам суханонамро шунида, сукути дурударозе кард. Сипас сарашро боло накарда,-мардум чӣ мегӯянд?-гӯён, мунтазири ҷавобам нашуда, вазнин аз ҷой хесту тарафи ҷӯйбор рафт...
-Оре, мардум чӣ мегӯянд?-пурсидам аз худ. Ва ҷавоби саволам дар ҳол пайдо шуд; мардум хоҳ нохоҳ гапашона ёфта мезананд. Асосаш гапи мардум не, балки салоҳияте, ки барои ману фарзандонам афзалтар аст. Асосаш падари фарзандонам бо вуҷуди гунаҳгорӣ дар вақти хорӣ аз тарафи фарзандон мададгорӣ ёбад...
Аз Хуршед хоҳиш кардам, ки падарашро гирифта ба хонаамон биёрад. Ҳама якҷоя нигоҳубинаш хоҳем кард. Аз ин хабар писаракам чеҳрааш кушода шуду худро ба оғӯшам партофт. Баъди чандин солҳо ману вай боз чун писару модар якдигарро бо меҳр ба канор мекашидем...
Ба хонаам овардани шавҳари собиқам дар байни мардум сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Бисёриҳо вақти аз паҳлуям гузаштан рӯяшонро аз ман мегардонанду нафринам мекунанд. Дар деҳа номи “зани душавҳара”-ро гирифтаам. Ба шавҳари бечораам бошад, барои розигӣ доданаш барои овардани Хуршед падарашро “даюс”-ном гузоштаанд.
Ман таънасори дӯсту душман, хурду калон гаштаам. Дигар дар назди касе ба қадри хас обрӯям намондааст. Вале дар назди Худованд худро пок мебинам ва аз таънаву маломати мардум боке надорам...
Таснифи Наргиси Муродалӣ.