Formula novemver 2024
ТАЪНАСОРИ МАРДУМ ГАШТАМ, ВАЛЕ... (ҚИСМИ 2)
3274

  Идомааш...

-Сага базӯр шикор бурда намешад. Шумо ҳам наметавонед базӯр Зокира дореду зиндагӣ кунед. Манам одам. Фикри се фарзанди шумоя мекунам. Зокир алюмент фиристода меистад. Аз сару либосу  хӯрокашонам бохабар мешад...

Қувваи номаълуме маро тарафи ин “дӯзди зӯр”-тела дод. Қабзаи муяшро модарам вақте ки “Фотима, ба худ биё, чӣ кор мекунӣ!?”-гӯён дод зада раҳо кард, аз чанголам раҳоӣ бахшиду маро ба худ овард.

Зокир паяшро аз хонаамон канд. Ӯ се сол бе ному нишон буд. Ман ҳам талоше барои пайдо карданаш надоштам. Хиёнаташ нобахшиданӣ буд. Носураш хуншор буду сӯзон.

Падарам бемор шуду баъди се моҳи бистарӣ гаштан аз олам гузашт. Ӯро дарду доғе, ки маро месӯзонд, афгор карда, ниҳоят ба вартаи марг тела дод.
Ҳарчанд ман зани қонунии Зокир будаму бо вуҷуди ҳамаи нокасиҳояш то ҳол бо вай рӯ ба рӯ нашудаву сухане нагуфта будам, Зокир дар маросими дафн наомад. Ҳол он, ки бо хоҳиши модарам, писари ҳамсоя ӯро ба ҷаноза хабар карда буд. Ин кори Зокир болоӣ сӯхтаи ман намакоб гашт. Дигар қарори қатъӣ додам, ки ӯро ҳеҷ гоҳ нахоҳам бахшид. Баъди маросими соли падарам ба суд аризаи ҷудоӣ пешниҳод намудам. Зокир рӯзи таъинкардаи суд ба суд ҳозир шуд. Танҳо не. Ҳамроҳи ҳамон зану фарзанди якҷояашон, ки ҳар замон бо вай бозӣ мекарду аз рухсораш мебӯсид. Пеши назарам симои се фарзанди худам, ки шабу рӯз чашм ба роҳи падар буданд, омаду аз хорӣ гириста фиристодам. Зокирро дуои бад кардам, ки уболи фарзандонам гирадаш...
 Мо аз ҳам қонунӣ ҷудо шудем.
  -Дигар ту зани ман нестӣ, ҷавобата додам,-назди ман омада гуфт Зокиру ҳамроҳи зани ёфтааш монда рафтанд. Чашми ашкборам аз паси онҳо нигарон монд. Он замон ман ба ҷӯз ғам, хорӣ ва аламу дард мутаккое надоштам. Ягона мунису ғамгусорам-модари меҳрубонам барои нигоҳубини кӯдаконам дар хонаамон монда буд...
  Баъди панҷ соли ҷудоӣ аз Зокир аз нав оиладор шудам. Марди бефарзанде, ки аз пӯшти фарзандор нашудан се зан таркаш карда буданд, хоҳиши падар буданро барои се фарзандам ба миён гузошту  ман ҳам розигиамро додам. Зеро гирумонҳои ҳаётро дар танҳоӣ бароям паси сар кардан рӯз ба рӯз гаронӣ мекард. Шавҳари навам марди хоксору оддӣ ва меҳрубоне баромад. Ӯ сари се фарзандамро падарвор сила карда, мисли падари ҳақиқӣ онҳоро дӯст медорад. Гулчеҳраву Анӯшервон ҳам ба вай меҳр мондаву “дада”-номаш мебурдагӣ шуданд. Вале Хуршед...

  Писари калонам аз рӯзҳои аввал шавҳарамро чашми дидан накард. “Ин падари мо нест”-гуфта, ҳамеша эътироз мекарду инҷиқу гапногӯшнав шуда буд. Чанд маротиба гурехта ба шаҳр-назди падараш мерафту аз он ҷо омада ба хоҳару додараш савғоҳои падараш фиристодаро дода, онҳоро ҳам бар зиддӣ падарандар мешӯронд...
  Хабари ба садама дучор шудани  падарашро бо аҳли оилааш ва фавти зану фарзанди вайро дар ин садама Хуршед ба хона овард. Аз гиря чашмони писаракам варам карда, хобу хӯрашро гум карда буд. Ӯ ҳар рӯз ба шаҳр – ба беморхона ба аёдати падар мерафту чанд маротиба хоҳару додарашро ҳам бо худ ба назди падарашон бурд.

Зокир дигар мазлуму барҷоймонда гашта буд. Дар натиҷаи садама ӯ  аз ду пой маҳрум гашта ба нигоҳубинӣ доимӣ эҳтиёҷ дошт. Хуршед бо ихтиёри худ ин вазифаро ба дӯш гирифта, барои бо падар будану ӯро нигоҳубин намудан, ҳатто аз хондан  даст кашид. Агар сахтравӣ кунам, “ба ман падарам лозим, ӯ ғайри ман касе надорад”-мегуфту гирён мешуд. Ва баъди ин ҳафтаҳо дар шаҳр-дар хонаи падар бо падар мемонд.Чӣ кор карданамро намедонистам. Корам фақат гиряву оҳкашӣ гашта, ханда лабонамро ба тамом тарк карда буд. Модарам дар ин миён ба сактаи қалб дучор шуду дар хуруҷи дувум вафот кард. Ростӣ, андармони фикру зикри ҳаёти нобасомони худ ба модари азизам он қадар расидагӣ карда натавонистам, ки аз беморияш хело дер огаҳ шудам. Аниқтараш модарҷонам мушкилотҳои маро дида, аз дарди ҷонқоҳаш хабардорам накардааст...

     Хуршедам мактаби миёнаро базӯр хатм карду ба назди падараш рафт. Ин кораш корди сабрамро ба устухон расонд, ки “ё ман, ё падарат”-гуфта, пеш аз рафтан барояш шарт гузоштам.

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД