Formula novemver 2024
Таънашунави падару модарам гаштам
03.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1843

Салом ба кулли мухлисону ҳаводорони сомонаи дӯстдоштании ҳамагон Oila.tj! Дар ин сомона зиёд номаҳоро мехонам, ки мардум аз обуначиёни ин сомона маслиҳат мепурсанд ва роҳи ҳалли мушкилашонро меёбанд. Ман ҳам мехоҳам аз хонандагон маслиҳат пурсам.

Ман як духтари 20-сола аз ноҳияи Рашт ҳастам. Аз хурдӣ дилам сахт дард мекунад. Мутаассифона, падару модарам маро ба пуррагӣ табобат намекунанд. Ҳар вақте аз ҳад зиёд касал шудам, танҳо каме муолиҷа мекунанд, вақте беҳбудӣ шуд, соз шудӣ гуфта ба табобат хотима мебахшанд, яъне маро пурра муолиҷа намекунанд, ки сиҳат шавам. Ман ба дард тоб оварда наметавонам ва ҳар гоҳ, ки бемориам хуруҷ намояд, дод мезанам. Падару модарам “ту нақш бозӣ мекунӣ, вале дар асл касал нестӣ” гӯён, ба ман чандон эътибор намедиҳанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, ҳар рӯз модарам таъна мезанад, ки ту касалӣ ҳастӣ, кошкӣ туро ба дунё намеовардам. Набуданат хубтар буд. Падарам низ ҳамарӯза бе сабаб ҷангам мекунад ва маро озор медиҳад. Дар хонаи худамон бо сабаби беморам ҳамеша зери таънаю маломат ҳастам. Чанд маротиба хостам ба худкушӣ даст занам, аммо аз Худо метарсам, ки чӣ гуна ба ин корам дар он дунё ҷавоб медиҳам.

Ҷонам аз таънаю маломати аҳли хонаводаамон ба лабам расида, косаи сабрам лабрез шудааст. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

П. У.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД