Sebiston new 2024 october
Таънаи оча ҳаётамро сӯхт Қисми 2
1790

Сафҳаҳои сиёҳи умр

Дар хонаи шавҳар дигар эътиборамро рӯз то рӯз аз даст медодам. Гушонаву пичинги хусурам асар карда буд, ки хушдоману қайсингилам ҳам бо ман сард муносибат доштанд. Шавҳарам ҳам дигар бароям меҳрубону дӯстдор набуд. Ӯ баъзан шабҳо ҳам ба хона намеомад. Агар пурсам, ба сарам дод мезад, ки “шавҳар уҳдадор нест, ки ба зан дар мавриди куҷо будану набуданаш маълумот дода истад”.
Худро дар олам танҳою хору зор, ҳақиру нотавон ва каси нодаркор ҳис мекардам. Болоӣ ин ҳама шавҳарам дигар иҷозатам намедод, ки ба хонаамон равам.
Баъди он воқеа модарам қариб чанд моҳ ба хонаам наомад. Хоҳару додарам, янгаам гоҳу ногоҳ меомаданд, вале модарам намеомад. Ба аҳли оилаамон дар мавриди зиндагиям чизе намегуфтам. Намехостам онҳоро парешон кунам. Вақте ки меомаданд, худро хушбахттарини хушбахтҳо вонамуд мекардаму зиндагиямро, шавҳарамро, хусуру хушдоманамро фақат таъриф мекардам.

 

Шубҳаи модар
Модарамро беҳад ёд карда будам. Сарфи назар аз он, ки хислатҳояш на ҳамаашон писандам буданд, вале ӯ бароям ниҳоят азиз буд. Ва ҳама медонанд, ки дар ҷаҳон касе барои фарзанд, хоса духтар ҷои модарро гирифта наметавонад. Як рӯз ният кардам, ки пинҳонӣ ба дидори модарам равам, вале ӯ ҳам дили маро эҳсос кардагӣ барин, бегоҳи ҳамон рӯз як табақ ошро гирифта ҳамроҳи падарам аз дарвоза даромаданд. Мувофиқи иззату эҳтироми меҳмондорӣ аҳли оилаи шавҳарам онҳоро пешвоз гирифта, бологузар намуданд. Дилам бо дидани онҳо дар қафаси сина номунтазам метаппиду дасту пойҳоям сусту бемадор гашта буданд.
-Духтарам, чӣ шуд? - аранге ба гӯшам расид овози модарам.
-Ҳ-ҳеҷҷ, -ҷавоб додам базӯру тарафи ошхона рафтам.
Дар он ҷо худро ба чоймонӣ андармон карда, кӯшиш мекардам, ки назди падару модар ва шавҳараму хонаводаашон наравам. Дилам аз пешомади баде гувоҳӣ медод.
-Салим, занат аз он, ки духтаратонро ба мо келин додаед, пушаймон будааст..., -ба гӯшам расид овози хусурам...
Байни падару модарам ва хусурам баҳсу мунозираи зиёде шуд. Аз ошхона дигар барои баромадан метарсидам. Бехудона суханҳои мегуфтаи онҳоро гӯш мекардаму медонистам, ки тақдирам ин соатҳо ҳаллу фасл мегардад.
Суханони падару модари ман бештар сулҳомез буданд. Бечора модарам ҳам, ки умре пеши касе сари хамашро надида будам, дигар хотири ман аз хусурам дамодам узр мехост. Вале хусурам қатъӣ гуфт:
-Агар писари ман бошад, дигар як соат ҳам бо зане, ки модараш авлодашро таъна мезанад, зиндагӣ намекунад. Зан пур, лекин шаъну шарафи авлодро пос доштанро ба ягон кони тилло харида намешавад...

 

Талоқи шавҳар
Хусурам бе ягон ибову истиҳола аз писараш талаб мекард, ки ҷавобамро диҳад. Ягона умедам ба шавҳарам буд. Худоро зорӣ доштам, то Сарвар ба падараш мегӯяд, ки “падарҷон, он қадар гапу коре нашудааст, ки зиндагиямро вайрон кунам, зани ҷудомешудагӣ надорам”, аммо, вале, лекин...
-Барои ман гапи шумо қонун аст. Чизе ҳам нест, ки сари роҳам шавад, на бача дораму на хурсандӣ. Ғайри ин вақташ расид, ки гапи диламро ошкоро гӯям: ман чанд моҳ шуд, ки як духтари дигарро ба никоҳ даровардааму ӯ ҳомила шудааст,-ҷавоб дод Шодию номи талоқро ба забон овард. Гӯшҳоям қулф заданд. Дар ҷойи истодаам беҳолатона нишастам. Сарро миёни ду каф гирифта, беовоз талх гиристам. Зиндагиям зеру забар шуд. Орзую умедҳоям барбод рафтанд. Сояи ғам ба сарам чодар афканд...
Баъди оне, ки Сарвар номи се талоқро ба забон овард, падару модарам ба дашному таҳқири ӯву хонаводаашон сар карданд. Падару модари Сарвар ва худи вай ҳам аз падару модари ман қафо монданӣ набуданд...
Худи ҳамон бегоҳ ҳамроҳи падару модарам бо ашки чашмону дили пурхун ба хонаамон омадам. Боварам намеомад, ки зиндагии оилавиам барои ду даҳон гапи ночиз ҳамин хел осонакак вайрон шуд...
Зиндагӣ гоҳо тамасхурҳо низ дорад. Баъди чанд рӯзи зиндагӣ дар хонаамон, баъди талоқ додани шавҳар фаҳмидам, ки ҳомиладорам. Тифли батнам рӯз ба рӯз, соат ба соат калон мегардаду соати ба дунё омаданаш торафт наздик мешавад. Хабари ҳомиладориам ба гӯши хонаводаи шавҳарам расидаасту онҳо аз карда пушаймонанд. Шавҳарам ба дасти ҳар кас пайғом мефиристад, ки баъди таваллуди фарзанд тайёр аст, то маро ҳам ба никоҳи худ дарорад. Аммо ӯ намеандешад, ки баъди ин ҳама садамаҳое, ки дар қалбам сар заданд, ман дубора бо ӯ зистанро ихтиёр мекунам, хоса чун зани дуюм...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД