Орзуҳо... орзуҳо...
Ману ҳамсарам Сарвар дар ҳамсоягии якдигар зиндагӣ мекардем. Байни ману вай чизе, ки онро ишқу муҳаббат мегӯянду дарди онро гоҳ ҷонсӯзу гоҳ ширин арзёбӣ менамоянд, вуҷуд надошт. Вале ҳарду ҳам баъди оне, ки худро чун духтару ҷавон баркамол ҳис намудем, дар дил нисбати ҳам гармие эҳсос сохтем, ки ҳамин чиз аз диди волидайну пайвандон пинҳон намонду онҳо тасмим гирифтанд, то моро ҷуфт гардонанд. Сарвар аз ман се сол калон буду дар омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳияамон муаллимӣ мекард. Зиндагии мо хубу гуворо ҷараён дошт. Ҳамин буд, ки чӣ тавр се сол аз ҳамзистии якҷояамон гузашт, бехабар мондем.
Дар орзуи фарзанд
Ман бо ҳамсарам хушбахт будем ва ягона чизе, ки гоҳу ногоҳ диламонро хиҷил мекард, фарзанддор нашуданамон буд.
-Ҷонаки ман, ҳамааш мешавад, ҳоло ману ту ҷавону умрамон дар пеш, насиб бошад, даҳ фарзанд меёбем,-тасаллоям медод шавҳарам, ҳар гоҳе, ки дар ин маврид зиқӣ мекардам.
Чунин дилдориҳои вай созгор меафтоданд, то ки ман ҳам бовар намоям, ки умрамон дар пеш асту Худо хоҳад, ҳатман соҳиби фарзандони зиёд мегардем...
-Зеварой, зиндагиатонро се сол шуд, то кай ҳамин хел бебача мегардед? - рӯзе суол кард модарам, ки барои хабаргириам омада буд.
Ману модарам дар зери хавозаи ангур болоӣ кат менишастем. Дар хона ба ғайри ман он рӯз касе набуд. Шавҳарам ҳамроҳи хусурам дар кор буданду хушдоманам барои аёдати хешу табораш ба дигар деҳа рафта буд.
-Оча, ҳоло вақт ҳаст, ман нав ба бистусе даромадам. Ҳамааш мешавад, -ҷавоб додам ба модараму ба чойкашӣ даромадам.
-Духтарам, вақт дар куҷост? Дар синну соли ту ман чор бача доштам. Дар авлоди мо касе бе кӯдак нест, лекин аз авлоди шавҳарат се кас бе кӯдак, мегӯянд, ки ким кадом шайхи бузург авлоди хусуратро дуои бад кардагӣ, ақлам ҳаминро пеш аз тӯй нагирифт...
-Хуш, хуш, ҳоло пӯшаймонам гӯед... - нохост овози хусурам баланд шуду ману модарам дар ҷои нишаст як қад паридем.
-Келин, як коса оби хунук биёр, - амромез гуфт хусураму рӯяшро аз модарам гардонда, ба дигар тараф рафт.
Осемасар аз ҷой хеста, барои овардани оби хунук тарафи чоҳ, ки дар як гӯшаи ҳавлӣ меистод, рафтам. Вақте обро овардам, аз модарам дарак набуд...
Заҳри забони хусур
Дигар хусурам баъди шунидани суханони модарам ба ман тамоман рӯи хуш намедод. Аз қошу қавоқаш ҳамеша ба қавле барфу жола мерехту ба ҳар кори мекардаам эрод мегирифтагӣ шуд.
-Сарвар, фикри фарзанддор шуданро кай мекунӣ? Ё мехоҳӣ ҳар беваи бӯгин дар нозоямии занат авлодамонро маломат карда гардад...
Суханони пичингомези хусурамро фаҳмидаму банди диламро ларза гирифт.
-Дада, чӣ гап шудааст?-ҳайрон пурсид Сарвар, ки ӯ ҳам ба фикрам то ҳол падарашро дар ин ваҷоҳат надида буд.
-Аз занат пурс, -ҷавоб дод хусурам ва бо кароҳият аз дари ҳавлӣ ба кӯча баромад.
Сарвар суоломез ба ман дида дӯхт.
-Модарам омада буд. Барои бебачагиамон ҳарф зад...
-Чӣ ҳарф зад, ки падарам ин қадар ба ҷаҳл омадааст?
-Намедонам, дар мавриди ким-кадом эшону дуои бадаш чизе мегуфт, ки падарат бехотир даромада монд,-бо сари хам ҷавоб додам ман,
-Ҳмм. Маълум. Кӣ медонад, ки модарат бо чӣ тарз ин суханро иброз доштааст, ки падарамро то ин ҳад бехуд сохтааст. Аслаш сухане, ки дуои ким-кадом эшон авлоди моро гирифтааст, гапи беҳудаест. Ҳамон эшони мегуфтагии мардум як муллои авомфиреб будааст. Бобои ман, ки солҳои барқароркунии ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои фаъол будааст, ҳамон муллоро дастгир мекунаду ба зиндон равона месозад. Солҳо баъд аз ин воқеа аз сабаби беморие ду фарзанди калони бобоям вафот мекунанду падарам бо бародару ду хоҳараш баъди табобати зиёд аз аҷал раҳоӣ меёбанд. Аммаҳоям фарзанд ба дунё оварда бошанд ҳам, лекин фарзандонашон зинда намондаанд. Амакам се маротиба оиладор шуда буданд, аммо фарзанд наёфтанд. Оилаи мо ба худат маълум, модарам панҷ фарзанд ба дунё овард, фақат ману хоҳарам зиндаем. Ба фикрам ин аз пушти дуои бад неву аз тақдиру қисмат аст, - суханашро хотима дод шавҳараму аз ҷой хест...
Давом дорад