arzon replenishment
Таҳмина Раҷабова сиҳату саломат ба хонааш баргашт
2913
Урааааа! Тахмина аз КАРАНТИН озод шуд

Таҳмина Раҷабова, ровии телевизион ва ҳунарпешаи тоҷик пас аз 14 рӯзи дар карантин қарор доштан, сиҳату саломат ба назди хонаводааш баргашт.

«Дӯстон, карантин бо муваффақият паси сар шуд. Озодӣ. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» сипоси бепоён. Мо саломатем ва ба хона меравем»,-навиштааст, Раҷабова бо нашри аксе дар саҳифаи Инстаграмаш. Пас аз 13 соли фаъолият дар ТВ «Сафина» ахиран бону Раҷабова эълон кард, ки ба Маскав меравад ва коргардон мешавад. Ҳоло ӯ донишҷӯи Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи шаҳри Маскав ба номи Сергей Ҳеросимов мебошад.

 



Бинобар паҳн шудани «коронавирус» дар ҳудуди Русия тамоми муассисаҳои давлатӣ ба карантин фаро гирифта шуда, қисме аз муҳоҷирон ба Ватан интиқол дода шуданд. Таҳмина низ бо хатсайри махсус санаи 23-юми март ба Тоҷикистон омад аз 24-уми март то 6-уми апрел дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм»-и ноҳияи Варзоб дар ҳолати карантинӣ қарор дошт. Ҳолаш хуб ва ба саломатиаш хатаре таҳдид намекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД