formula feb 2025
Талоқ бе шоҳид равост?
01.02.2025
Oila.tj
885

Баъд аз оне, ки шавҳарам ба муҳоҷират рафт, бо зани ҳеварам гапам напухт. Ҳар рӯз ҷангу ҷангҷол мекардем ва билохира, ба хонаи падару модарам омадам. Як рӯз хоҳари занам гуфт, ки шавҳарам дар ҳузури вай гӯё талоқи маро додааст. Аз байн чанд вақт гузашту он зан вафот кард. Шавҳарам аз Русия баргашт. Вай талоқи додаашро ба гардан нагирифта, “ман ин гапро нагуфтаам” мегӯяд. Виҷдонам намебардорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

ГУЛНОРА, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин хомӯшӣ:

- Масъалаи талоқ нозукиҳои зиёд дорад. Мо борҳо ба саволҳои дар иртибот ба талоқ посух додаем. Бояд зикр кард, ки имкони яктарафа масъаларо дида, маслиҳати аниқ додан нест. Беҳтараш шумо ҳамроҳи шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед. Уламо бо шумо саволу ҷавоб карда, хулосаи дақиқ мебароранд. Вале ҳамин нуктаро зикр кардан бамаврид аст, ки агар шумо талоқро ба гӯши худ нашунида бошед ва ҷуз нафари фавтида касе нашунида бошад, он қабул нест. Ба ҳар ҳол ба уламо муроҷиат кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД