Sebiston new 2024 october
Таълимоти нодурусти динӣ ҷавононро ба куҷо мебарад?
770


Соли 2022 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 101 ҳолати гирифтан ва додани таълимоти динии ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст. Бино ба гуфти мудири шӯъбаи дин, танзими анаъна ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и вилояти Суғд Рустам Сӯҳробзода додани таълимоти динии ғайриқонунӣ ва ҷалб шудан ба ин навъи таълим аз ҳама зиёд дар шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.

Дар давоми 11 моҳи соли равон дар шаҳри Истаравшан шумораи таълимгирандагони таълимоти динии ғайри қонунӣ ба 27 нафар ва дар шаҳри Исфара 16 нафарро ташкил дода, дар дигар шаҳру навоҳӣ ин шумора ба маротиб камтар аст.

Дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилоят: Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Хуҷанд Расулов ва Шаҳристон ягон ҳолати таълимоти динии ғайриқонунӣ қайд нашудааст.
          Таълимоти динии ғайриқонунӣ                              сарчашмаи ифродгароӣ
Устоди Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ф. Мамадҷонов оид ба таълимоти динии ғайриқонунӣ навиштааст:
“Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз намояндагони руҳониён дар мавъизаю суханрониҳояшон аз таассуби динӣ ва ноогоҳӣ арзишҳои миллӣ ва урфу одати миллиро зери суол бурда, гузаштаи дурахшону пурифтихори халқи моро, ки таърихи чандҳазорсола дорад, инкор мекунанд. Ин гурӯҳ бо пиндорҳои пӯч то ҷое дар ин кор пешрафт карда буданд, ки асосан хурофаро расмият мебахшиданд, кӯшиш менамуданд, ки а инсонҳо дар нодонию ноогоҳӣ ба сар баранд. Табиист, ки онҳо худ дар гирдоби хурофот ғуттавар буда, ҷомеаро танҳо ба гумроҳи мебаранд. Ин тоифа барои расидан ба ҳадафҳои худ дурӯғ мегӯянд, тақаллуб мекунанд ва бадтарин ва кабеҳтарин ҷиноятҳоро анҷом медиҳанд, аммо ҳеҷ гоҳ ин амалҳои худро ҷиноят намедонанд ва чунин вонамуд месозанд, ки ин ҳамаро гӯё ба хотири ризояти офаридгор анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин табақа бо суйистифода аз эҳсоси динии ҷавонони ноогоҳ, дар ҷараёни таълимоти худ, онҳоро нисбат ба гузаштагони худ, дар руҳияи бадбинӣ ба арзишҳо, суннатҳо ва урфу адати миллии мо тарбият карда, ин арзишҳоро барои як мусалмон нолозим ва ғайри қобили қабул муаррифӣ мекунанд. Метавон қайд кард, ки воқеан яке аз ҳадафҳои ин гуна таълимот мағзшӯии ҷавонон, ташаккули афкор ва зеҳни зидди миллию давлатӣ мебошад...”
Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандони худро назди ҳамин гуна ашхос, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии ин кор ноогаҳ буда, ҳатто дарк намекунанд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашонро ин нафарон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Бинобар ин, таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст, ки аксари руҳониёне, ки бо чунин таълимот машғуланд, худашон маълумоти кофии динӣ надошта, ҷаҳонбинӣ ва зарфиятҳои илмии онҳо бисёр маҳдуданд. Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда , асосан дар шароити ҳуҷраҳо ва манзили зисти рӯҳониёни иртиҷоӣ ба роҳ монда мешавад...
Аз ин лиҳоз аҳ волидон хоҳиш мекунем, ки эҳтиёткор бошанд ва аз додани фарзандони худ ба шогирдии чунин афрод худдорӣ намоянд.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД