Arzon march 2024
Таҷлили пуршукуҳи Рӯзи матбуоти тоҷик дар “Кохи Суруш”
312

 

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш» 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ - «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Дар чорабинии идона вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.

Дар маросими Рӯзи матбуоти тоҷик ба рӯзноманигорон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, унвонҳои Аълочии матбуоту фарҳанг, сипосномаву ифтихорномаҳо аз вазорату идораҳо тақдим гардид.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар 5 бахш тақдим шуд.

Бахши матбуот:

1. Камоли Қурбониён, собиқ сармуҳаррири "Ҷумҳурият".

2. Мавҷуда Ҳасанов, сармуҳаррири маҷаллаи Бонки миллии Тоҷикистон.

3. Умари Шерхон, публитсист.

4. Амир Саидзодаи Мункӣ, журналист аз ноҳияи Ховалинг.

Бахши телевизион:

1. Ёрмаҳмад Самадов, наттоқи телевизион.

2. Барно Соҳибова, сармуҳаррири идораи таҳлилии Телевизиони "Ҷаҳоннамо".

3. Шарифзода Маҳмадалӣ Сафар.

Бахши пажӯҳиши илмӣ:

Зафар Аскар, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ.

Бахши сомонаҳои иттилоотӣ:

Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори "Истиқлол".

Бахши радио:

Зиёратшоҳ Аҳмадов, Радиои Тоҷикистон.

Инчунин, дар доираи маросим барномаи хотирмони фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони боистеъдод манзури ҳозирин гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД