Arzon march 2024
Таҷлили Наврӯз дар Туркия
22.03.2025
Oila.tj
142

Наврӯзро дар Туркия маъмулан 22-23-ми март ҷашн мегиранд. Як рӯз пеш туркҳо либосшӯйӣ карда, хӯрокҳои идона мепазанд. Аз ҷумла барак бо шпинат, тухмҳои рангкарда, конфет, леблеби, локум.

Дар рӯзи Наврӯзҳама ба хонаи якдигар меҳмонӣ рафта, идро якҷоя бо ҳамсояҳо ва дӯстон ҷашн мегиранд. Рӯзи 23-юми март тамоми мардуми ин кишвар субҳи барвақт аз хоб бархоста, либоси наву тоза ба бар мекунанд ва барои дуову фотеҳа ба қабристон мераванд. Аҳли тамоми оилаҳо дар қабристон сарҷамъона чой менӯшанд, хӯрок мехӯранд, сипас бо навбат санги болои қабрро бӯсида ба хонаҳояшон бармегарданд.

Бегоҳ тамоми ҳамсояву хешовандон якҷоя ҷамъ шуда, то саҳар дилхушӣ мекунанд. Дар ин рӯз ҳама бо чеҳраи хандон гуноҳи якдигарро бахшида, Наврӯзро истиқбол мегиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД