Талафоти нерӯи барқ коҳиш ёфтааст
13.11.2025
Oila.tj
126

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки баъд аз ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии барқ талафоти нерӯи барқ кам шудааст.

Барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ имсол дар Тоҷикистон аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ карданд.

Бино ба иттилои ниҳоди навтаъсиси Оҷонсии назорати давлатии энергетикӣ, дар 9 моҳи соли равон сарфи беҳудаи нерӯи барқ қариб се дарсад коҳиш ёфтааст.

Кормандони ин ниҳод якҷоя бо Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми ноябр дар хиёбонҳои шаҳр ҳамчунин ба сокинон тарзи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро фаҳмонида, аз онҳо даъват кардаанд, ки барқро беҳуда истифода набаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД