Таксисти тоҷик Сӯҳроб Юсупов барои муноқиша бо кормандони пулис ба сеюним соли зиндон маҳкум гашт.
Ин муҳоҷири меҳнатии тоҷик дар шаҳри Маскав бо таксиронӣ машғул буд ва шоми 15-уми декабри соли 2023 дар минтақаи бозори “Садовод” байни ӯ ва кормандони пулиси рус барои дар ҷойи номувофиқ нигоҳ доштани мошинаш муноқиша сар зада, баҳсу мунозираҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард...
Пас аз 5 моҳи ин муноқишаи пурсарусадо, дирӯз - 15-уми май Суди ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Сӯҳроб Хурсандович Юсуповро бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия - қисми дуюми моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат) ва моддаи 319 (таҳқири намояндаи давлат) гунаҳкор дониста, ба 3 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.
Ҳамзамон, аз Сӯҳроб Юсупов ба фоидаи давлат 30 ҳазор рубл ҷарима ситонида мешавад.