Sebiston new 2024 october
ТАКСИСТИ БАНГӢ ГУЛИСТОНРО БО МОШИН ПАХШ КАРДУ...
1505


“Мастӣ ба пастӣ мебарад” гуфтанӣ халқ беҳуда нест. Мастӣ одамро натанҳо ба пастӣ, балки ҳатто ба пушти панҷараи зиндон низ бурда метавонад.

Далели равшани ин гуфтаҳо тақдири Парвиз Аминов ном ҷавонмарди 32-сола аст, ки ба хотири чанд лаҳза сархушӣ натанҳо ҳаёти худ, балки ҳаёти як инсони дигарро низ барбод дод.

Парвиз Аминов таксис буда, зиндагиашро туфайли мусофиркашонӣ пеш мебурд. Аслан дар ҳолати мастӣ сари чамбарак нишастан қатъиян манъ буда, ба ронандае, ки сархуш мошин меронад, ҷаримаи ниҳоят калон ва хавфи маҳрум шудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5-сол таҳдид мекунад, вале ин ҷавонмарди 32-сола дидаву дониста, дар ҳолати сархушӣ паси чамбараки мошини «Хундай Аксент» нишастааст. Ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Дӯстии Халқҳо, аз самти кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Н.Муҳаммадӣ, дар рӯ ба рӯи бинои Масҷиди ҷомеъи «Ал-Бухорӣ» ин ронандаи сархуш аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, Давлатова Гулистони 48-соларо пахш мекунад. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ташхиси наркологӣ исбот намуд, ки Аминов Парвиз Рустамбекович, соли таваллудаш 1989, ронандаи ҶДММ «Олуча Таксӣ» дар ҳолати мастӣ аз маводи нашъадори навъи гурӯҳи бангдонаҳо қарор доштааст. Акнун ронандаи беандаша ҳам барои дар ҳолати мастӣ сари чамбарак нишастан ва ҳам барои марги зани пиёдагард дар зери чархи мошинаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Ронандагони азиз! Пеш аз оне, ки сари чамбарак мешинед, андеша намоед, ки натанҳо ҳаёти худатон, балки ҳаёти чандин шахсони дигар низ дар дасти шумост. “Панди машҳури Шайх Саъдӣ “Эй сорбон, оҳиста рон”-ро дар гӯши худ ҳалқа намуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, то зиндагии худ ва дигаронро дар хатар нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД