Buta Airways
Таксии ширкати “1111” чаппа шуд
657

Таксии ширкати “1111” чаппа шуд

Як мошини сабукрави ширкати таксии «1111» субҳи имрӯз, 2-юми сентябр дар роҳи калони Душанбе чаппагардон шудааст. Дар ин бора Пресса. ТЧ хабар додааст.

“Тавре аз аксҳои нашр намудаи рӯзноманигор Назаралӣ Пирназаров   дар “Фейсбук” мушоҳида мешавад, ҳодиса пеш аз чорроҳаи “Яккачинор — Профсоюз”, ҳангоми ҳаракати мошин аз самти кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино рух додааст. Эҳтимол ҳодиса субҳи барвақт рух додааст, зеро дар роҳ мошин нест ва анбуҳи одамон низ мушоҳида намешавад”-менависад манбаъ.

Сабаби садамаи мошини ширкати “1111” ва шахсияти ронанда маълум нест. Мақомоти бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе низ то ҳол дар ин бора хабар надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД