Arzon march 2024
Такмили ихтисоси раисон
359

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳо аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, 21 июн дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Агентии хизмати давлатӣ курси навбатии такмили ихтисос барои раисони шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Ванҷ, Ишкошим ва Роштқалъа, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристон, Леваканд, Данғара, Фархор, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида буд.

Ҳозирин зимни баромадҳои худ шунавандагони курсро ба муносибати хатми бомуваффақият, 26-солагии Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи байналмилалии хизмати давлатӣ табрик намуда, изҳори итминон намуданд, ки эшон маҳорату малака, таҷриба ва донишҳои дар заминаи курси мазкур аз худ намудаашонро дар татбиқи босамари сиёсати давлатии пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат истифода хоҳанд бурд.

Дар охир ба шунавандагони курс Гувоҳнома оид ба хатм ва китоби «Санадҳои меъёрию ҳуқуқии хизмати давлатӣ» ҳамчун туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД