Бозор "Баракат"-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба коми оташ рафт. Дар ин бозор масолеҳи сохтмонӣ фурӯхта мешуд.
Ба гуфти шоҳидон сӯхтор дирӯз соати 20-00 сар зада, дар муддати кутоҳ ба масофаи зиёд доман паҳн кардааст. Чуноне дар наворҳо дида мешавад, алангаи оташ хеле баланд буда, мардуми зиёде ҷамъ омадаанд.
Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ин ҳодисаро ба расонаҳои иттилоотӣ тасдиқ карда, гуфтанд, ки ҳоло коммисияи махсус дар ҷойи ҳодиса сабабҳои сар задани сӯхторро санҷида истодааст ва ҳаҷми зарари расида муайян кара мешавад.
Бозори "Баракат" яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.