toyota motors
Тахмина ҷашни зодрӯзашро бошукӯҳ гузаронду ба чанг афтод
29.04.2026
Oila.tj
51

Кормандони шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боз як ҳолати вайрон кардани қонуни танзими ҷашну маросимро ошкор намудаанд.

Гуфта мешавад, ки сокини шаҳри Душанбе Додова Тахмина зодрӯзашро ҳамроҳи дӯстонаш ва шахсони аз доираи оилааш берун ҷашн гирифта, рафти чорабиниро ба навор гирифтааст ва барои худнамоишдиҳӣ дар шабакаи "Тикток" ва "Инстаграм" нашр кардааст.

“Бо ин кирдор Додова Тахмина талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро вайрон кардааст. Нисбати шаҳрванд бо дастрасии моддаи 481, қисми 2 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол гардид”,-омадааст дар хабар.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД