Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ
10.01.2026
Oila.tj
179

Дирӯз, 9-уми январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшуда суҳбат намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардид.

Аз ҷумла муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, воҳиди махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, сардори бюрои миллии маркази Интерпол, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Зафаробод, Ашт, шуъбаҳои ВКД дар шаҳри Исфара, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сардорони шуъбаҳои раёсати ВКД дар нақлиёт дар хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе, дар хати роҳи оҳан ва дар вилояти Суғд аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзидаи соҳа таъин гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД