Кумитаи тафтишотии Русия тафтишоти қазияи амали террористиро дар толори консертии Крокус-Сити Холл ба охир расонидааст. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар доданд.
Олег Власов, адвокати яке аз гумонбарони ин ҳодиса дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки амалҳои тафтишотӣ доир ба амали террористӣ дар Крокус ба охир расиданд ва акнун маводҳоро барои шиносоӣ ба гумонбарони ҳодиса пешкаш менамоянд, вале ба гумон аст, ки парванда ба зудӣ ба суд ирсол гардад, зеро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса беш аз 1000 нафар боздошт шудаанд.
Интизор меравад, ки то солгарди сар задани ин ҳодисаи нохуш, яъне то охирҳои моҳи март парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки амали террористӣ дар толори консертии Крокус-Сити Холл санаи 22-юми марти соли 2024 рӯй дода, 4 нафар мардони силоҳдор вориди толор шуданд ва одамони бегуноҳи ба тамошои барномаи консертӣ омадаро тирборон намуда, толорро оташ заданд ва ба мошин нишаста, фирор карданд.
Бар асари ин ҳодисаи ваҳшатнок 145 нафар кушта шуда, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Дар робита бо ин амали террористӣ 10 нафар зодагони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Даст доштани тоҷикон дар ин амали террористӣ боиси авҷ гирифтани нафрату бадбинӣ нисбати мардуми тоҷик гашта, зисту зиндагии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро дар Русия хеле душвор гардонидааст.