Arzon march 2024
ТАФТИШИ БАСТАНИ НИҚОБ ДАР РОҲ БА ХОТИР "ГАЛОЧКА" ВА Ё...?
1508

Аҷоиб! Пешгирӣ аз коронавирус гуфта, тамоми чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳама масъулияти худро иҷро карда истодаанд. Ҷавононро дар хиёбонҳои шаҳр барои ҳушдор додани одамон аз бастани ниқоб навбатдор таъин намудаанд. Аммо...

Биёед ба хотир биёрем, ки аз коронавирус дар кадом ҳолат сироят меёбанд. Мувофиқи тавсияи СУТ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ масофаи 2 метрро риоя кунед ва агар дар гирду атрофи шумо одамони зиёд бошад, бастани ниқоб ҳатмист.
“Ниқобатонро бандед, апа! Вагарна сурататонро мегирам”-гуфт ҷавонписаре тарафи ман. “Ман ҳамроҳам ниқоб дорам. Нафасам танг шуду онро гирифтам. Бе ин ҳам дар ин ҳавои тоза дар гирду атрофам ҳеҷ кас нест. Ду метр масофа як тараф истаду дар ин роҳи калон 20 метр масофа риоя шуда истодааст. Хавфи сироят шудан аз бемории COVID-19 дар дохили бозору нақлиёти серодам зиёд аст”-гуфтаму видеои дар дохили нақлиёт сабткардаамро ба онҳо нишон додам.
Хуб мешуд, агар аввал ҷойҳои ҷамъиятиеро, ки дар он одамони зиёд бе ниқоб ҷамъ мешаванду риояи масофа дар он мавзеҳо имконнопазир аст, ба тартиб медароварданд.

Ҳар субҳу бегоҳ қариб дар ҳамаи хатсайрҳо дар дохили нақлиёт ҷойи пой гузоштанро базӯр меёбӣ. Аксари мусофирони бепарво ҳатто ниқоб намебанданд. Аз мусофир чӣ гӯем, ҳол он, ки худи ронандаю пулчинакаш бе ниқобанд. Бар зками ин пулчинакҳо чунон баланду саросема гап мезенанд, ки оби даҳонашон ба рӯйи мусофирон мепаранд.

Пулчинак то он даме дари нақлиёт пӯшида мешавад, одам гирифтан мегирад, барояш фарқ надорад, ки дохили нақлиёт ҳаво барои нафаскашӣ мерасад ё на ва ё...
Мабодо агар гӯйӣ “Ака бас аст. Дигар одам нагиред. Ҷой тамоман нест. Нафасамон гирифт” дар ҷавоб “Бисёр ноз накун! Ин ҷо нафасат набарояд, ба таксӣ савор бишав!” мешунавед.

Хуллас, агар нияти асил пешгирӣ намудани сироятёбӣ аз коронавирус бошад, пас аввал маконҳое, ки сарчашмаи паҳн намудани вирус ҳастанд, ба тартибу низоми муайян дароварда шаванд.
Чӣ фоида аз беҳуда дар қади роҳи кушоду фаррох истодану вақти гарони худро сарф намудани тафтишкунандаҳо. Аз паҳлу чунин менамояд, ки ин кор ба хотири “галочка” иҷро шуда истодаасту халос.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД