Arzon march 2024
ТАФСИЛТИ КУШТОРИ ШАМЪИГУЛ
7000

Нисбати муттаҳам дар куштори зани 32 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, тибқи моддаҳои 104 ва 108 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ҷасади зани 32- сола, сокини кӯчаи Қаюмови шаҳри Ҳисор, ки ба таври ваҳшиёна кушта шудааст, аз ҷониби кормандони пулис дарёфт шуд.
Ба иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 4 -уми феврал дар ҳудуди шаҳри Ҳисор рух додааст.

Кормандони милитсия ба гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ, Халилов Абдураҳим ном сокини маҳаллиро боздошт намуданд.
Манбаъ меафзояд, Халилов ҳамроҳ бо Қаҳорова Шамъигул дар як нуқтаи фурӯши маводи спиртӣ арақ хӯрда, сипас дар ҳолати мастӣ аз майхона берун рафтаанд.

Аз рӯйи нақли боздоштшуда, вай Шамъигулро ба ҷойи беодам оварда, ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст.
"Вақте муқобилият нишон дод, бо санг ду маротиба ба сару рӯяш зарба расондам", - шарҳ додааст кирдори ноҷавонмардонаи худро Абдураҳим Халилов.
Халиловро кормандони пулис дар шаҳри Душанбе пайдо карда ба Шӯъбаи ВУД дар шаҳри Ҳисор интиқол доданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати Халилов Абдураҳим бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 108 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД