ВКД хабар медиҳад
“Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 4-уми августи соли 2020, тахминан соати 22:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола дар сари рашк ҷангу ҷанҷол карда, бо роҳи бӯғӣ кардан ӯро ба ҳалокат расонидааст. Баъдан, бо мақсади рӯйпӯш кардани кирдори ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида, ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро ба дор овехтааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Роҳ ба сӯйи Айнӣ
Пас аз шунидани ин хабари даҳшатнок, ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол аз забони шоҳидони ҳодиса, санаи 8-уми август ҷониби деҳаи Урметани ҷамоати деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд роҳ пеш гирифтем. Деҳаи Урметан бузургтарин деҳаи ноҳияи Айнӣ будааст. Аз ронандае, ки моро аз роҳи калон то дохили деҳа бурд, хоҳиш кардем, ки суроғаи хонаи марҳумро нишон диҳад. “Ман шуморо ба назди комитети маҳалла мебарам. Ӯ кори шуморо ҳал мекунад”,-гӯён, ронанда моро дар назди мағозае пиёда кард. Шодком, соҳиби ҳамин мағоза, раис ё худ комитети маҳалла будааст. Ӯ аввал ба амаки марҳум занг зад, то иҷоза бигирад ва баъдан ҷавонеро вобаста кард, ки моро ба хонаи амаки Машраб, падари марҳум бибарад.
Исломова Атригул, модари Шукрона:
Бахти аввал
Асосан соли таваллуди духтарам Ҳайдарова Шукрона 1995 аст. Синфи 11-ро ҳанӯз хатм накарда буд. Моҳи декабр оилаи Боевҳо, ки дар деҳа нафарони бообрӯ буданд, ба духтарам хостгорӣ омаданд. Ман гуфтам, ки Шукрона ҳоло ноболиғ аст, алҳол ӯро ба шавҳар дода наметавонам. Тарафи қудо шаҳодатномаи таваллуди духтарамро аз ман талаб карда, назди раиси ҷамоат бурданду соли таваллудашро 1994 карданд ва шиноснома ҳам гирифтанд. Пеш аз тӯй ману шавҳарам ва Шукрона бояд барои харид ба шаҳри Панҷакент мерафтем, аммо қудоҳо моро ба маркази ноҳия даъват карданд ва чӣ мақсад доштанашонро нагуфтанд. Ҳамин қадар фаҳмонданд, ки мо бояд дар як ҳуҷҷат имзо кунем. Ман як одами нодон, бемаълумот, мактабро то синфи 8 хондаам, аз куҷо медонам, ки имзо барои чӣ буд? Ҳатто суди ҳамонвақта нагуфт, ки пеш аз имзо як маротиба ҳамон қоғазро хонем. Фақат як савол дод, ки “Шумо ба фарзандатон боварӣ доред, ки аз ӯҳдаи зиндагидорӣ баромада метавонад?” Ба ҷои ман, қудоям Фирӯза ҷавоб дод, ки “метавонад”. Мо се нафар имзо мондем ва дар як муддати кӯтоҳ ҳама ҳуҷҷатҳо омода шуд. Шукрона барои гирифтани шиноснома ҳатто аз дари хона берун набаромадааст, ҳамаашро худашон ҳал карданд.
Туҳмати хушдоман
Хулоса, ҳамон моҳи декабр тӯй кардем ва баъди анҷом ёфтани маросимҳо, моҳи январ духтарамро ба шаҳри Душанбе бурданд ва гуфтанд, ки аз ин пас дар шаҳр зиндагӣ мекунад. Боев Марзбоншоҳ, домоди аввалаам духтарамро дӯст медошт, вале падараш Муродуллоҳ ва модараш Фирӯза ба духтарам тӯҳмат карданд, ки телефони шавҳарашро дуздидааст ва дар 45 рӯз зиндагии ҷавононро вайрон карданд. Баъди 45 рӯзи тӯй, духтарам бо дасту гардани харошида ва миёни хамида баргашта омад. Хушдоманаш Фирӯза духтарамро ба ҳаммом дароварда, тамоми узви баданашро кофтааст, ки боз мабодо ягон чизро надуздида бошад. Ангуштарии дасташро мегирам гуфта, дасти Шукронаамро харошидааст. Ҳатто ӯро мезадааст. Бе маслиҳату машварат бо туҳмати хушку холӣ духтари ноболиғамро бадбахт карданд. Баъдан мо шикоят кардан хостем, вале ҳам суд, ҳам раиси ҷамоат ва ҳам аз идораи САҲШ моро тарсониданд, ки шумо дар ҳуҷҷатҳо имзо мондаед ва коре аз дастатон намеояд. Онҳо коркуни давлат бошанд, мартабаашон болотар бошад, ман чӣ кор карда ҳам метавонистам? Зӯрам нарасид ва ба тақдир тан додам.
Бахти дувум
Тахминан баъди як соли аз шавҳари аввалааш ҷудо шудани Шукрона, шавҳари дувумаш ба хонаамон омад. Ӯ дар асл Сафиоллоҳ Раҳмонов ном дорад, вале мардуми деҳа Ҷӯрабой мегӯянд. Омада гуфт, ки ман духтари шуморо дӯст медорам. Ман гуфтам, ту зан дорӣ, боз чӣ хел ба духтари ман ошиқ мешавӣ? “Ман талоқи занамро дода, аз ӯ ҷудо шудам. Занам ҷалаб буд. Ӯро ҳамроҳи падарам қапидам, дигар бо ӯ зиндагӣ намекунам”,-гуфт. Боз Лутфулло, падари Ҷӯрабой ба дари хонаам омад, ки духтаратро ба писарам деҳ. Ман ба Лутфулло гуфтам, ки Шукрона як бор бадбахт шуд ва коре карда натавонистам. Писари ту зан дорад, духтарамро келин кунӣ, ки келини аввалаат омада, зиндагиашро боз вайрон кунад, ман чӣ кор мекунам? Метарсидам ва ҳеҷ розӣ набудам, ки Шукрона зани Ҷӯрабой шавад. Чанд рӯз пас қоғазеро оварда нишон доданд, ки дар он навишта шуда буд: “Занам розӣ аст, ки ман зан гирам”. Мусаллама, модари Ҷӯрабой ҳам омада гуфт, ки “Атригулҷон, сарам дар пеши поят, розӣ шав, ки духтаратро келин кунем. Духтарат гову моли маро бонӣ накунад, оғилҳои маро тоза накунад, фақат писари чиркини маро саришта кунад, кифоя аст. Зани аввалааш ифлосу ғар буд. Духтарат ба қадри писарам расад, бас”. Баъди ин гапу корҳо ман розӣ шудам. Духтарам ҳам Ҷӯрабойро дӯст дошта монд. Тарафи қудо гуфтанд, ки баъди тӯй духтарат на дар деҳа, балки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ мекунад.
Оғози моҷароҳои зиндагӣ
Хулас, никоҳи мусулмонӣ карда, Шукронаро ба Хуҷанд бурданд. Духтарам бо шавҳари якумаш ЗАГС дошт, вале бо Ҷӯрабой не. Шукрона ҳамроҳи шавҳараш ба Хуҷанд рафт, ки келини якумашонро оварда, дар хонаи дар деҳа доштаашон шинонданд. Шавҳараш ба Шукронаи ғӯрамарги ман дар Хуҷанд рӯзи хуш нишон намедодааст. Ҳомиладор шуд, фарзанди якумаш якмоҳа дар батнаш. Шавҳараш маҷбур кардааст, ки исқоти ҳамл кун, ман ду писар дорам, ба ман дигар фарзанд лозим нест. Ҳатто зани ҳомиладорро зада, пояшро шикаста буд. Духтарам зиндагиам вайрон нашавад гуфта, ин гапҳоро ба мо намегуфт, зеро шавҳарашро дӯст медошт ва ин оиладориро худаш хоста буд. Аз даҳони дигарон мешунидем, ки Ҷӯрабойи худозадаи қотил духтари маро азоб медодааст. Доллар он замон қадру қурб дошт. Ба Хуҷанд рафта, ба духтарам доллар додам, ки пояшро табобат кунад. Шукрона ду писар таваллуд кард, ҳардуяш бо роҳи чоки қайсар ба дунё омадаанд. Харҷи беморхонаро худам пардохт кардам, зеро Ҷӯрабой розӣ набуд, ки инҳо ба дунё оянд. Ӯ ба ном падар буд, ба писаронаш ҳатто як ҷӯроби яксомона нахаридааст. Ним сол дар Хуҷанд зиндагӣ карданду ба деҳа баргаштанд. Акнун ду кундош дар як ҳавлӣ мезистанд. Як дар хона ба духтари ман, се-чор дар хона ба келини дигариву ду фарзандаш.
Таҳдиди падарарӯс
Ман, ки ба ин оиладорӣ чандон розӣ набудам, баъди ҳар ҷангу ҷанҷоли Шукронаву Ҷӯрабой аз духтарам хоҳиш мекардам, ки аз шавҳараш ҷудо шавад, аммо ӯ намехост. Баъди соҳиби ду фарзанд шудан, рӯзе тоқати духтарам тоқ шуду ба хона омад ва гуфт, ки “Оча, ман ба мақомотҳои дахлдор ариза навишта, аз шавҳарам ҷудо мешавам, ки кадом рӯз маро зада-зада мекушад”. Кош ҳамон вақт иҷозат медодам, ки аз шавҳараш ҷудо шавад. Бадбахт мешуд, вале шояд зинда мемонд. Мани аз ояндаи зиндагии духтарам бехабар нагузоштам, ки Шукрона барои ҷудо шудан ариза нависад. “Хубу бад дар хонаи шавҳарат зиндагӣ дорӣ, нони хонаи ӯро мехӯрӣ. Илова бар ин, ду фарзанд дорӣ. Тоқат кун, ҳамааш хуб мешавад”,-гуфта, пеши роҳи духтарамро гирифтам. Мардуми деҳа айб мекунанд, вақте зан аввалин шуда, барои ҷудо шудан аз болои шавҳараш ариза нависад. Баҳори ҳамин сол буд, ки падарарӯсаш Шукронаро аз хонааш сур кард, ки рафта дар хонаи модарат зиндагӣ кун. Ба духтарам гуфтааст, ки “Ту ҳаромӣ, аз никоҳи падару модарат пеш таваллуд шудаӣ. Фарзандонат ҳам ҳаромӣ, инҳо аз писари ман нестанд”. Падарарӯсаш он замон духтарамро таҳдиди куштан карда буд, акнун ба мақсади нопокаш расид.
Замонавӣ, аммо худотарс
Шукронаи ман духтари замонавӣ, аммо худотарсу боимон буд. Баъди рашкҳои беасоси Ҷӯрабойи шавҳараш сатр ҳам баст. Ягон узви бадани ӯро марди бегонае намедид. Шукри Худо, духтарам панҷ маротиба “Қуръон”-ро хатм кардааст. Калимаи “бисмиллоҳ” аз даҳонаш канда набуд. Панҷ вақт намозашро сари вақт мехонд. Ба касеву зиндагии касе кордор набуд, лекин дигарон, аз хушдоманаш сар карда, то додарарӯсҳояш ба зиндагии ӯ дахолат мекарданд ва ӯро мезаданд. Нони хӯрдан надошт, аммо гадоӣ намекард. Азоб мекашид, вале хомӯш буд. Падару модарам зиқ нашаванд гуфта, ба мо лаб во намекард. Аз дасти таҳдидҳои Лутфулло ба дод омада, боре телефонӣ ба нозири минтақавӣ аз падарарӯсаш шикоят карда буд. Лутфуллоро огоҳӣ дода буданд, ки “Ту ҳақ надорӣ келинатро ҷалаб гӯӣ ва таҳдид кунӣ”. Аммо ӯ ҳамоно таҳдид мекард ва мегуфт, ки дар охир ман туро лахт-лахт мекунам. Шояд дар ин куштор падарарӯси духтарам ҳам даст дошта бошад, кӣ медонад? Додарарӯси хурдии духтарам Хайрулло ҳам духтарамро мезад. Боре пояшро зада, сиёҳу кабуд карда буд. Шукрулло, додарарӯси калониаш фақат духтарамро маҷбур мекард, ки хонаи акаашро холӣ кунад. Мезаданд, Хайруллою Шукрулло духтари маро бераҳмона мезаданд, аммо ӯ ҳамоно хомӯш буд. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки додарарӯсҳояш ҳам ба куштори Шукрона даст доранд.
Хоби ғафлат
Як рӯз домодам омада гуфт, ки “Хола, каме пул диҳед, мо ба тиҷорат машғул шудан мехоҳем”. Ба хотири духтарам розӣ шудам. Мағоза кушоданд ва ман се ҳазор сомонӣ додам. Духтарам рафта, аз деҳаи Дар-дар майда-чуйда овард. Як рӯз духтарам омада мебинад, ки домодам молҳои мағозаро арзон фурӯхта истодааст. Масалан, тухм дар ҳама ҷо 1 сомонӣ, домодам 80 дирам фурӯхтааст. Килои қанд дар ҳама ҷо 5 сомонӣ, домодам 3,5 сомонӣ фурӯхтааст. Духтарамро зада, пулҳои дасташро гирифта, ба мағоза нос овардааст. Духтарам гуфт, “Оча, фурӯхтани нос ҳаром аст. Ман намехоҳам, ки дар мағозаи ман нос бошад”. Барои ба ғазаби домодам гирифтор нашудан, ба Шукрона гуфтам, ки “Мон, чӣ коре хоҳад, кардан гирад”. Ҳамон рӯзи ҳодиса, 4-уми август, соати 7-и бегоҳ хобам бурдааст. Соати 10 тарсида аз хоб бедор шудам, ки тамоми аъзои баданам дард дорад. Ҳамон вақт Ҷӯрабойи худозада духтари маро кушта истода будааст. Аз Шаҳло, духтари хурдиям хоҳиш кардам, ки доруҳоямро диҳад. Ором шуда, боз хоб кардам. Соат 1-и шаб буд, ки қудои дигарам занг зад. Гаштаву баргашта аҳволпурсӣ кард. Ман бехабар аз гапу кори дунё, дигар ҳама медонанд, ки Шукронаро шавҳараш куштааст. Ба берун баромадам, ки аз комитети маҳалла сар карда, то хешу ақрабо, ҳама ҷамъ шуда омадаанд. Фикр кардам, ки падарам вафот кардаанд, вале додари хурдиям омада гуфт, ки “Апа, худатонро ба даст гиред, Шукрона касал шудааст”.
Куштанд ё худкушӣ кард?
“Шукрона касал нашудааст, ӯро куштанд”,-гуфта, фиғон кашидам. Маро ба мошин савор карда, ба хонаи духтарам бурданд. Ҷӯрабойи қотил худашро сафед карданӣ шуда, “Хола, ман аз кор омадам, ки кӯдакон дар ошёнаи якум хобу Шукрона дар боло худкушӣ кардааст”,-гуфт. Чӣ хел аз зинапоя боло шудам, худам намедонам. Духтарам мисли моли сарбурида, ғарқи хун дар рӯйи замин мехобид. Хона торик, Ҷӯрабойи худобехабар фурӯзонак (лампочка)-ро кушода гирифтааст. Чароғи телефонамро фурӯзон карда, дар торики рӯйи духтарамро дидам. Ӯро шинохта намешуд. Банде, ки дар гардани духтарам баста шуда буд, ҳатто мурғро бардошта наметавонад. Шукрулло омада, кордро аз ғилофаш бароварду бандро бурид. Гӯё кори хуб кард. Аз болои Шукрулло ҳам шикоят дорам. Ҷӯрабой худаш танҳо коре карда наметавонад. Дигарон ҳам дар ин кор даст доранд. Кормандони милитсия омада, гилемро бардоштанд, ки тагаш пур аз хун. Сохтакориро бинед, ки гилем дар як тарафи хонаю духтари ман дар рӯйи хок ба хун оғушта хоб. Мӯйҳояш парешон, дару девори хона хунолуд, дасту пояш харошидагӣ. Худо марги фарзандро ҳатто ба душмани кас нишон надиҳад. Алам мекунад, ки ваҳшиёна ба қатл мерасонанду боз мегӯянд, ки худкушӣ кард.
Дидорбинии пеш аз марг
Духтарам ҳамон як дар хонаеро, ки дар ихтиёраш буд, хост таъмир кунад. Барои деворҳо ранг ва тахта харида овард, ки ҷевон (шкаф) месозад. Оилавӣ омада, духтари маро латту кӯб карданд, ки ин хонаи ту нест ва ҳаққи таъмир кардан надорӣ. Баъд падараш кӯмак кард, боз ман ёрӣ додаму Шукрона дар назди хонаи кундошаш барои худаш хонаи нав сохт, ки ҳоло пурра омода нашуда буд. Ба хонаи нав надаромада, ба хоки хунук рафт, духтари ғӯрамаргам. Бори охир духтарамро як рӯз пеш аз маргаш дида будам. Гирякунон омад, ки “Оча, ман дигар зиндагӣ намекунам”. Ҳамон вақт ҳам шавҳараш латту кӯб карда буд. Ба домодам фақат ба хубӣ мефаҳмондам, ки духтарамро зада, танашро носиҳат накунад. Ин дафъа ҳам гуфтам, ки ин корашро дигар такрор накунад. Домодам исрор кард, ки Шукронаро дӯст медорад ва дигар ӯро намезанад. Хост, ки Шукронаро гирифта барад, аммо духтарам нарафт. Лекин фарзандонаш ба гардани падарашон овезон шуда, ҳамроҳаш рафтанд. Ҳамон шаб ош пӯхта будем, аммо аз гулӯи Шукрона донаи биринҷ намегузашт. Ҳамон дам шавҳараш занг зад, ки агар Шукрона баргаштан нахоҳад, фарзандонашро оварда медиҳад. Духтарам шавҳарашро, ки дӯст медошт, боз хеста рафт. Охирон бор ҳамон ҷо дидаму пагоҳ шаб хабари маргаш омад. Боре ҳам на ба домодам, на ба падару модараш сухани бад нагуфтаам, фақат хушомад мезадам. Онҳо аз ин хубии ман истифода карданд.
Муроҷиат ба мақомотҳои дахлдор
Ду фарзанди духтаракам ҳар шаб модарашонро мекобанд. “Оча” гуфта, нисфи шаб аз хоб бедор мешаванд. То кай онҳоро фиреб кунам? Ҳоли инҳоро дида, ҷигарам реш-реш мешавад. Ғами модарашон бас набуд, ки боз инҳо “оча” гуфта, маро месӯзонанд. То ҷое медонам, кундоши духтарам ҳам ба ин ҷиноят даст дорад. Маҳз бо маслиҳати ӯ Шукронаро кушта, либосҳояшро иваз карда, либоси тоза пӯшонидаанд, то касе куштор будани ҳодисаро нафаҳмад. Баъдан милитсияҳо ҳам либосҳои хунолудаи духтарам ва ҳам аз шавҳарашро пайдо карданд. Мурдашӯйҳо гуфтанд, ки тамоми аъзои баданаш сиёҳу кабуд буд. Ҳатто аз сари кафидааш то ба дохили қабр гузоштан хун рафтааст. Миёнбандро ба даҳонаш зер карда, то мурдан ӯро латту кӯб кардааст. Духтари бечораам ҳам то ҷон доштааст, барои наҷоташ кӯшиш кардааст. Бо нохунҳояш хоки рӯйи хондаро канда, ба ин тарафу он тараф гурехтанӣ шудааст, аммо аз дасти Ҷӯрабойи беимон халос шуда натавонистааст. Агар духтарам бо хости Худо мемурд, алам намекард. Барои марги маҷбуриаш месӯзам. Сарам дар пеши қадаматон, волоияти қонунро нишон диҳед. Ба Президент арз мекунам, ба вазири корҳои дохилӣ шикоят мекунам, ки Ҷӯрабойро якумра ҳабс кунанд. Падару модарашро аз ин деҳа бадарға кунанд, ки тоқати дидани онҳоро надорам. Ман донам, ки духтари ман бероҳа буд, ба тақдир тан медодам. Тамоми деҳа чӣ гуна будани Шукронаро медонанд. Намедонам, ки бо кадом сабаб Ҷӯрабой чунин марги маҷбуриро ба духтари ман раво дид.
Тарс на аз Худо, на аз қонун
Баъди ҷиноят танҳо Ҷӯрабойро дастгир карда бурданду дигарон дар озодиянд. Орзуқул Шомаҳмедов, як хеши падари Ҷӯрабой дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намедонам дар Душанбе ё Хуҷанд кор мекунад. Духтар худашро овехтааст ва ҳоҷат ба кофтукоб нест гуфта, қариб буд, ки парвандаи Ҷӯрабойро махкам мекард. Ин авлод ба дараҷае ҷоҳиланд, ки корро карда, боз аз об хушк баромадан мехоҳанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ маълум кард, ки гардани духтарам аз дохил аз ду ҷой шикастааст. Изи ресмон дар гардани Шукрона дида намешуд. Чӣ тавр Орзуқул дидаву дониста, парвандаро пӯшонидан мехоҳад? Сарам дар пеши қадами милитсияҳои Айнӣ, ки ба Орзуқул имкон надоданд, ки парванда махкам карда шавад. Оилаи домодам пушти зӯр, ки доранд, аз касеву чизе наметарсанд. Шаб хоб барои ман ҳаром аст, бовар мекунед? Метарсам, ки омада, худам ё набераҳоямро накушанд. Аз дасти онҳо ҳама кор меояд. Ҷуръат карда, фарзанди каси дигарро кушта тавонист-ку! Инҳо аз Худо наметарсанд, қонун як тараф истад.
Шердиева Сайёра, аммаи калонии Шукрона:
Бародари ман, яъне падари Шукрона чандин сари сол мешавад, ки дар Русия муҳоҷир аст. Чанд маротиба ҷарроҳӣ шуд, аммо боз ба нимтана буданаш нигоҳ накарда, кор мекунад, то аробаи зиндагиашро пеш кашад. Ҳатто ҳамин домоди носипосу қотилашро ба наздаш даъват карда буд, ки омада кор кунаду зиндагиашро пеш барад. Рӯзи ҷаноза ҳамаашон худашонро мусичаи бегуноҳ гирифта, ба хонаамон омаданд. Аз қаҳру алам онҳоро бароварда пеш кардам. Намехоҳам чеҳраи манфури онҳоро бинам. Мардуми деҳа айб гуфта, пеши роҳи маро гирифтанд. Аз оне ки падари Шукрона ба ӯву фарзандонаш пул равон мекард, оилаи Ҷӯрабой ҳасуд мебурданд. Нотавонбину бахиланд онҳо, пешравии касеро намехоҳанд. Марги нобаҳангоми ҷиянам қоматамро хам кардааст. Ягона хоҳишамон ҳамин аст, ки қотил ҷазои сазовор бинад ва ба дигарон ҳам дарс шавад. Ҷавонони деҳа “Занкушӣ осон будааст, занҳоямонро мекушем” гуфта, ягдигарашонро масхара ҳам мекунанд. Бубинед, ин ҳодиса чӣ гуна ба хурду калон таъсир расонидааст.
Ҳамза Исломов, тағои Шукрона:
Ба мо хабар доданд, ки Шукрона худашро овехтааст. Шояд зиндагии вазнин ба дилаш заду ин корро ба худ раво дид мегуфтем, аммо ҳеҷ кадомамон бовар карда наметавонистем. Баъдтар кормандони милитсия омаданд ва мо ҳам рафта дидем, ки ҳақиқати ҳол куштор аст, на худкушӣ. Латту кӯби вазнин карда, бинӣ, гарданашро аз дарун ва дасташро шикаста, ресмонро ба гарданаш баста, барои худашро сафед кардан гуфтааст, ки худашро ба дор овехт. Хунҳои рӯйи хонаро хокпӯш карда, ба болояш гилем ва ба болои гилем кӯрпача партофтааст, то ки гуноҳашро пӯшонад. Аммо ин аз чашми кормандони милитсия дур намонд ва ташхис ҳамаашро маълум кард. Як чизи дигарро бояд гӯям, ки ин кори дасти як нафар нест. Эҳтимол, онҳо оилавӣ ин корро карда бошанд. Шунидем, ки нисбаташ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда кушодаанд. Агар нафари дигар ба ин ҷиноят шарик бошад, бигзор бо моддаи 104, қисми 2 парванда боз карда шавад. Агар заррае қонун пойбарҷо бошад, гунаҳкор ҷазои сазоворашро бинад ва ба дигарон ҳам дарси ибрат шавад, ки дар мо зан то дараҷае беқадр нашудааст, ки ӯро латту кӯб карда, ба таври ваҳшиёна кушанд. Падари бечорааш дар муҳоҷират, бинобар баста будани роҳҳо омада натавонист. Оҳи дили модари ҷигарсӯхтаро ба мақомотҳои дахлдори болоӣ расонед, то ҷинояткор ҷазои сазовор гирад. Зиндагиаш нохуб буд, аммо мо дахолат намекардем, ки шояд дар оянда хуб мешавад. Бигзор ҷудо мешуд, аммо ваҳшиёна ба қатл намерасонид. Бо як омадану бо як навиштан хомӯш наистед. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ин ҳодисаро то охир пайгирӣ кунед. Мо аз шумо умед дорем.
Душанбе-Айнӣ-Душанбе