Formula novemver 2024
Тафсилоти амалиёти безараргардонии гуруҳи террористон
912

Шаби 25 ба 26 апрели соли 2023 дар ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон нерӯҳои амниятӣ амалиёти вежаи низомӣ анҷом доданд, ки дар ҷараёни он ду нафар кушта шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ, ин гурӯҳи мусаллаҳ бо ҳадафи анҷоми амалҳои террористӣ аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд.

Дар амалиёти муштарак нерӯҳои гурӯҳи «Алфа», ОМОН, СОБР таҳти роҳбарии сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ Шариф Назарзода ширкат доранд. Амалиёт идома дорад”, - навиштааст хабаргузории “Pamirdailynews” дар саҳифаи телеграммаш.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷӣ бо нашри як изҳорот иттилоъ додааст, ки 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро аз қаламрави Афғонистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумхурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур намуданд.

Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон бар бод дода шуд”, - навиштааст манбаъ.

Дар ин замина, “Sputnik Тоҷикистон” иттилоъ додааст, ки ба ҷуз 2 террористе, ки дар натиҷаи амалиёт ба ҳалокат расиданд, як тани дигар ба дарё ғарқ шуда, 3 нафари дигарро толибҳо боздошт кардаанд.

Ин хабаргузорӣ навиштааст, ки гуруҳи террористӣ аз 6 нафар иборат буда, бархеяшон фирор кардаанд.

Аз ду нафаре, ки кушта шудаанд, яке шиносоӣ шудааст. Ӯ сокини ноҳияи Язғулом буда, зоҳиран, раҳбалади ин гурӯҳ аст. Нафари дигари кушташуда ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо шахсияти ӯ маълум карда нашудааст. Дасти кам ӯ эҳтимолан аз ин минтақа нест”, - иттилоъ дод хабаргузорӣ.

Дар ҳамин ҳол, “Sputnik Тоҷикистон” гуфт, 3 нафар аз ин гурӯҳро истихбороти “Толибон”* дар қаламрави вулусволии Нусай боздошт карда, ба Раёсати исхбороташон дар ин вилоят дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон, интиқол додаанд.

Бино ба иттилои КДАМ ҶТ, ин афрод хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии "Дарвоз", воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон убур намуданд.

 

Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар хабари КДАМ.

Вазорати корҳои хориҷӣ аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум карда, иброз доштааст, ки сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳар шахс ё гуруҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳанд дод.

*- созмони террористии фаъолияташ мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД