35 years of independency
“Таджичка” дар Русия бибӣ шуд
11.10.2026
Oila.tj
71

Бабри барфии модинае, ки соли 2019 бо ҳадафи ҳифз ва афзоиши насли ин ҷонвари нодир аз Тоҷикистон ба Русия бурда шуда буд, боз ду бача ба дунё овард. Бо таваллуди онҳо шумораи умумии бабрҳои барфӣ дар мамнуъгоҳи Саяно-Шушенски Русия ба 21 адад расидааст.

Ба иттилои роҳбарияти мамнуъгоҳ, бачаҳои нави бабри модина, ки «Таджичка» ё «Тоҷик» ном дорад, тавассути камераҳои назоратӣ сабт шудаанд.

Аз Тоҷикистон ба Русия интиқол додани бабри барфӣ аз таҷрибаҳои нодир дар самти ҳифзи ин навъи ҷонвар ба шумор меравад. Ҳадафи асосӣ аз ин иқдом зиёд кардани саршумори бабри барфӣ дар мамнуъгоҳи Саяно-Шушенск будааст.

Тибқи иттилои мамнуъгоҳ, ин бабр зодаи Бадахшони Тоҷикистон буда, дар ҳафт соли охир 9 бача ба дунё овардааст ва наслҳои он хубу солим рушд доранд. Ҳамчунин, «Таджичка» акнун модарбузург ҳам шудааст, зеро баъзе аз бачаҳои аввалини ӯ низ насл овардаанд.

Бабри барфӣ аз ҷонварони нодир ва осебпазир ба шумор меравад. Ин навъи ҳайвон имрӯз танҳо дар 12 кишвари ҷаҳон боқӣ мондааст.

Дар Тоҷикистон низ солҳои охир саршумори бабри барфӣ афзоиш ёфта, тибқи маълумоти мавҷуда аз 500 сар бештар шудааст. Мутахассисон ҳифзи зистгоҳҳо ва назорати доимии саршуморро аз муҳимтарин омилҳои нигоҳдории ин навъи нодир медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД