ИДОМААШ...
Орзуи ҷоманопӯшида
Соли 2003 донишгоҳро хатм намудаму бо диплом ба хона баргаштам. Дар муддати кӯтоҳ соҳиби ҷои кор ҳам шудам. Волидонам аз паи тараддуди хонадоркунии ману бародарам шуданд. Брои бародарамо дар байни як ҳафта келини ёфтаашонро хостгорӣ карданду маҳру молашро бурда доданд. Акнун навбати ман шуд.
Падарам ба чанд хона барои хостгорӣ рафт. Ӯ зиёда аз 17 хонаи духтардорон гашт. Ҳар боре, ки падарам мерафт, аз он тараф хурсанд бармегашу “духтардор розӣ шуд” мегуфт, аммо чун дар вақташ барои бо Сулҳия оиладор шуданам розӣ нашуданд, ман низ аз онҳо қасд мегирифтам.
Рӯзи дигар пинҳонӣ аз волидон ба хонаи духтардор рафта, ҳатман корро мегардондам ва хоҳиш мекардам, ки аз ин кор волидонам огоҳ нашаванд. Вақте рӯзи дигар волидонам аз духтардорон ҷавоби радро мешунавиданд, ҳайрон мешуданд, ки ин чӣ тавр шуд. Аввал розӣ шуданд, вале пасон аз фикрашон гаштанд. Бародарам, ки дар Россия буд, зуд - зуд занг зада, аз омодагӣ ба туй мепурсид. Лекин аз ин тараф ба ӯ мегуфтанд, ки сабр кунад. “Ба додарат, ки арӯс ёфтем, зангат мезанем” мегуфт модарам.
Умри кӯтоҳи фиреб
Ҳамин тавр аз байн ду моҳ гузашт. Волидонам аз корҳоям бохабар шуданд. Маро ҷангҷоли зиёд ҳам карданд. Ҳатто таъкид намуданд, ки агар бори дигар ҳамин тавр кор кунам, аз хона пешам мекунанд. Баъди ин гуфтанд, ки дар як хона духтараке ҳаст. Рафта бин. Агар маъқул шавад, мо хостгорӣ меравем.
Рӯзи дигар ба хонаи як ҳамсинфам рафтам. Ҳамон духтари гуфтаи волидонамро дар хонаи ҳамсинфам дидам. Баъдтар фаҳмидам, ки ҳамсари ҳамсинфам амаи духтар будааст. Ҳамин тавр, ӯро дидам. Вақте бегоҳ дар сари дастархон нишастем, падарам пурсид, ки духтари гуфтаашонро дидам ё не? Баъди ризоиятамро гирифтан, гуфтанд, ки фардо хостгорӣ мераванд. Инчунин, сахт таъкидам карданд, ки дигар кори онҳоро расво накунам.
Пагоҳи он рӯз падарам ба хостгорӣ рафт. Волидони духтар розигии худро доданд ва ба зудӣ санаи тӯйро ҳам маслиҳат карданд. Ба хона омада, ба бародарам занг зада, натиҷаи хостгориро гуфтанд. Бародарам аз муҳоҷират омадау мо ду нафар дар як рӯз оиладор шудем.
Зандори муҷаррад
Пас аз як соли зиндагӣ бародарам соҳиби писарча шуд. Аммо ман тамоми ин муддат кӯшиши наздикӣ ба ҳамсарамро накардам. Давоми се сол ба занам ҳатто дар як бстар нахобидам. Ӯ дар рӯи диван мехобиду ман дар замин дар рӯи ҷойгаҳ. Ҳамаи талошҳоям барои ба даст овардани Сулҳия буд. Ҳато занамро таъкид карда будам, ки то ҳол духтар буданашро аз даҳонаш набарорад.
Қариб ҳар ҳафта аз ҷои кор сафари хизматӣ гирифта, ба Душанбе мерафтаму давоми 2 рӯз бо дӯстонам айшу нӯш карда, мегаштем. Дилкашолие ба хонаву занам надоштам. Ҳатто аксар шабҳоро дар хонаи ҷӯраҳоям рӯз мекардам. Ба занам кам гап мезадам ва ҳамчун як бегона ҳамроҳаш муносибат доштам.
Метарсидам аз он чӣ ...
Оҳиста - оҳиста дар байни мардум ҳар гуна овозаҳо пайдо шуданд. “Шараф мард нест. Шараф дар Душанбе аз давраи донишҷӯияш зану фарзанд дорад. Аз ин занаш соҳиби фарзанд шудан намехоҳад” ва амсоли инҳоро аз даҳони худиву бегона шунавиа, хун ба сарам мезаду омада, қасосамро аз духтараки бегуноҳ мегирифтам.
Аз байн 3 сол гузашт. Падарам, чун дид, ки дар зиндагиам ягон тағйирот нест, ба шаҳри Душанбе рафтанамро қатъиян манъ кард.
- Дар ҷои корат ягон одами дигар нест, ки фақат ту ба сафари хизматӣ меравӣ?, - пурси як субҳ бо қошу қавоқи овезон падарам.
- Он корхонаҳоро бояд ман тафтиш кунам. Каси дигар инро намефаҳмад, - ҷавоб додам ман.
- Пас, ҷойи коратро парто. Лозим нест ин гуна кор. Дар фикри зиндагиат шав, - гуфт ӯ ва аз дар баромад.
Падарам аз овозаҳои мардум мешармиду аз зиндагии ман дар ташвиш буд. Ҳамин гуна, баъд аз чор соли оиладорӣ ночор бо занам хуфту хезро сар кардам. Духтар тез ҳомиладор шуду соҳиби писарча шудем.
Роҳ сӯи муҳоҷират
Фикр мекардам, ки баъди писардор шуданам меҳру муҳаббатам нисбат ба зиндагӣ тағйир меёбад. Бинобар ин, кӯшиш мекардам, ки аз хона ва ҷои корам ба ягон ҷои дур наравам. Вале нашуд ... Баъд аз яксола шудани писарам ман низ мисли дигарон роҳ ба сӯи муҳоҷират гирифтам, зеро бо маоше, ки аз коргоҳ мегирифтам аз уҳдаи таъмини оила баромада натавонистам. Дафъаҳаои аввал баъд аз 6 моҳ бармегаштаму шодии писарчаамро дида, худро хушбахттаин мард меҳисобидам.
Ҳамин тавр, баъд аз 3 сол соҳиби як шоҳписари дигар шудам. Кӯшиш мекардам, ки зиндагиамро хуб гузаронаму оилаам аз чизе танқисӣ накашад. Аммо пайваста фикри Сулҳия азобам медод. Аз ин хотир доим дилсард мегаштам. Занамро дӯст дошта наметавонистам.