1xbet
Тақдири зани сеюм (ҚИСМИ 2)
704

Падари Анораро ду ҷавонзани зебову тозаву озода, ки баробари дидани шавҳар аз ҷой парида хеставу омада хушомадед гуфтанд, дар ҳайрат мононд. Ин ду палонҷ онқадар самимӣ рафтор мекарданд, ки падари Анора ангушти ҳайрат газид.

- Шумо, хоҳарони азиз, дарак доред, ки шавҳаратон боз духтари маро дӯст дошта, бо тӯю тамошо ӯро зан карданӣ аст?

- Бале, дарак дорем ва тамоман муқобил нестем.

- Магар муҳаббати марди хонадонатонро се тақсим карда метавонед?

- Барои мо Афзалшоҳ мисли шоҳи хона аст. Он чӣ, ки писанди дили ӯст, мо муқобил нестем.

- Ин хел занҳоро ман бори аввал мебинам. Масалан модари Анора агар фаҳмад, ки ман зани дувум гирифтанӣ ҳастам, маро дор мекашад. Ту чӣ Анора, духтарам, магар розиӣ, ки зани сеюми ин мард шавӣ?

- Бале, падарҷон.

- Рашк намекунӣ?

- Не, падарҷон, ҳаргиз.

Падари Анора ҳайрон монду сипас ба Афзалшоҳ муроҷиат кард:

- Писарам, акнун ту бигӯ, ки ба ту чӣ намерасад аз ин ду зани зебову оқила, ки боз зани сеюм гирифтаниӣ?

- Тағоҷон, рости гап, ин қиссаи дароз аст, биёед ба хона дароем, ман ҳамаашро нақл мекунам.

Ду зани Афзалшоҳ мисли ду хоҳари меҳрубон зуд назди меҳмонон дастархони пурнозу неъмат ороста, бори дигар хушомадед гуфтанд.

- Тағоҷон, акнун ба қиссаи дили ман гӯш кунед. Зани якумам духтари аммаам мебошад. Модарам ҳангоми дар бистари марг қарор доштанаш қасамам дод, ки баъди маргаш агар зани ба дилам ҳам гирам, аммо ӯро сар намедиҳам. Духтари аммаам дарди сахте дораду ҳаргиз модар шуда наметавонад. Аммо дар покизагӣ, кору бор, самимият ягона аст. Барои ҳамин ман аз ӯ розигӣ гирифта, ба хона зани дуввум, яъне духтари ятими ҳамсояамонро овардам. Зани дуввумам беҳад одами хуб аст, бароям чор фарзанд таваллуд кард. Аммо ҳангоми тавлиди фарзанди чорум ҳангоми дар чил будан якбора ба касалии ваҳмак гирифтор шуду дигар ҳаргиз маро ҳамчун мард ба бистари никоҳиамон роҳ намедиҳад. Барои ҳамин ман зан гирифтанӣ ҳастам. Зане, ки бо ҷону дил дӯсташ дорам, зане, ки то охири умр вафодори ман бошад ва асос, ки ин ду зани аввалӣ ва чор фарзанди маро ҳамчун одамони наздики худ беғаразона қабул карда тавонад. Чунин занро ёфтан хеле мушкил аст. Аммо ман тасодуфан бо духтари шумо шинос шуда будам. Инак ду сол аст, ки ману Анора вомехӯрем. Якдигарро хуб санҷидем. Бо оилаҳои ман рафтуомад дорад. Фарзандонам ҳам ӯро ҳурмат мекунанд. Анора новобаста аз ҷавониаш хеле рамузфаҳму хоксор аст.

- Ман ҳайрон шудам. Бовар кун, писарам, падар ҳастам ва аз тақдири духтари ягонаам дар ҳаросам. Хайр, агар ки якдигарро инқадар дӯст доред, пас ман фотиҳаро мегардонаму Анораро ба ту медиҳам. Мисли гавҳараки чашм эҳтиёташ кун.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД