Sebiston new 2024 october
Тақдири пуртаззоди Марям (ҚИСМИ 2)
2000

Хушбахтона, баъд аз чор сол Марям ҳомиладор шуд. Шодияш ҳадду канор надошт. Андешаи он ки фарзанди худро ба даст мегирад, ӯро болу пар мебахшид. Нахустписари Марям низ ба дунё омад. Номи ӯро бо ҳавас Шукрулло гузоштанд, яъне шукрона аз он мекарданд, ки баъди 9 сол соҳиби кӯдак шуданд. Баъди таваллуди Шукрулло ҳаёти Марям ранги дигар гирифт. Ӯ ба худ ваъда дода буд, ки дилхоҳ мушкилоти ба сараш омадаро пушти сар мекунад. Баъд аз солҳои хушбахтӣ Худованд ба ӯ боз як шоҳписари дигарро ҳадя кард. Ин ба Марям дубора тавону қувват бахшид ва акнун худро хушбахттарин зани дунё меҳисобад. Ҳоло духтари калонии Саидро ба шавҳар додаву барои писари угайи шавҳараш духтари зебоеро интихоб кардааст ва ба наздикӣ тӯй дорад.

Мақсад аз рӯйи коғаз овардани қиссаи мазкур дар ин аст, ки инсон бояд ба ҳама сахтиҳои зиндагӣ тоб оварад. Зеро пастиву баландии ҳаёт ва сӯхтанҳо инсонро обутоб дода, ба сӯи рӯзҳои нек мебарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД